Журналист Санҷар Ҳошимӣ 15 октябри соли 1990 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷекат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ӯ маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №35 ба номи Бозор Шарифови ҳамин деҳа гирифта, пас аз хатми мактаб барои идомаи таҳсил озими...
Сокини Файзобод дар оташ задани хусураш гумонбар дониста мешавад
Интишор шуд: 27 октября, 2016 - 11:30

Як сокини 31-солаи ноҳияи Файзобод дар ҳолати мастӣ хонаи хусурашро оташ задааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД, ин мард 26-уми октябри соли равон, тахминан соатҳои 14:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ, бинобар сабаби муноқишаи ба миён омада хонаи хусурашро оташ задааст.
Ба гуфтаи манбаъ, маблағи умумии зарари расонидашуда 16350-сомониро ташкил медиҳад.
Дар ВКД мегӯянд, иид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Шояд шумо суол ё назаре доред?