Шикасти “Истиқлол” аз “Триполи” дар Лубнон (НАВОР)

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе аз дастаи “Триполи”-и Лубнон барҳисоби 2:1 шикаст хурд.

Бозӣ миёни дастаи “Истиқлол”, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон ва дастаи “Триполи” шоми 8-уми март дар варзишгоши шаҳри Триполи баргузор шуд. Ин бозии даври дуюми марҳилаи гуруҳӣ Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) буд.

Голи нахустинро дар ин бозӣ Александр Каблаш, легионери укроинии дастаи “Истиқлол” дар дар дақиқи 55-уми даври дуюми бозӣ ба дарвозаи мизбон мезанад. Аммо бо гузашти 3 дақиқа ҳисоби голҳо бо туби задаи Абдулло Азиз, бозигари “Триполи” мусовӣ мешад. Дар дақиқаи 87-уми низ дарвозабони “Истиқлол” туби задаи Валид Фаттоҳро гардонда наметавонад.

“Исқтиқлол”-и Тоҷикистон дар гуруҳи “В” бо дастаҳои “Ал-Файсал”-и Урдун, “Триполи”-и Лубнон, ва “Нафит ал-Васат”-и Ироқ рақобат мекунад. “Истиқлол” бозии нахустини гуруҳиашро дар Душанбе бо дастаи “Ал-Файсал”- Урдун мусовӣ анҷом дода буд.

Дар бозии дигари ин гуруҳ “Ал-Файсал” дар майдони худаш “Нафит ал-Васат”-и Ироқро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, бо 4 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. “Триполи” низ бо ғалаба ба “Истиқлол” 3 имтиёз ва дар ҷойи 3-юм дар гуруҳ қарор дорад. “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар ду бозӣ 1 имтиёз ба даст овардааст, дар ҷойи охир аст.

Бозии баъдии “Истиқлол” бо “Нафит ал-Васат” 15-уми март дар Теҳрони Эрон баргузор хоҳад шуд.

 

 

Copyright @2016 TojNews

Назарҳо

Як бор аз ғалаба хабар кунед аз ғалаба

Шояд шумо суол ё назаре доред?