Сел ба Исфара зиёда аз 13 млн. зарар расондааст

Дар пайи омадани сел дар шаҳри Исфара 272 манзили сокинон осеб дидааст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ ҳаҷми умумии хисороти сел 13 млн. 239 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва ин рақам метавонад зиёд шавад.

Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдори Исфара дар суҳбат ба TojNews гуфт,  бар асари офати табиӣ- боришоти пайдарпайу шадид ва омадани сел ба 272 манзилҳои истиқоматии сокинон ба миқдори зиёд селоба ва лойиқа даромада, ба иншоотҳои истиқомативу ёрирасони шаҳрвандон ва зироатҳои заминҳои наздиҳавлигии онҳо ҳисорот ворид намуд.

-Тибқи маълумотҳои фаврӣ, 6 манзили истиқоматӣ пурра ва 10 хона кисман вайрон гардидаанд. 2 адад трансформатори барқӣ аз кор баромада, ба миқдори зиёд симчубҳо ва хатҳои интиқоли барқ осеб дидаанд. 2 сар чорвои калони шохдор ва 12 сар чорвои майдаи шаҳрвандонро сел бо худ бурдааст. Cел ба иншоотҳои обтаъминкунии мансуб ба Идораи давлатии замин ва обёрии шаҳр беш аз 2, 5 миллион сомонӣ зарар расонида, соҳаи кишоварзии шаҳр дар ҳаҷми зиёда аз 600 ҳазор сомонӣ осеб дидааст.  

Сел ҳамчунин ба иншоотҳои ёрирасони Ҷамъияти саҳҳомии «Корхонаи кимиёвӣ»-и Исфара ва шаҳраки Навобод аз офати табиӣ расида ба миқдори 5 миллион сомонӣ зарар расондааст.

Бо супориши Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд,  гурӯҳи корӣ таҳти сарварии муовинони раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин Қудрат ва Хоҷазода Орифҷон бо мақсади омӯзиши вазъи воқеӣ, муайяннамоии ҳаҷми ҳисорот ва бартарафнамоии оқибатҳои офати табиии санаи 16 август ба шаҳри Исфара рафтаанд.

Шоми 16-уми август дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд сел манзилҳои зиёди шаҳрвандонро хароб карда буд. Бар асари офати табий –боришоти пуршиддат ва омадани сел, ки тахминан баъд аз соати 18-30-и шомгоҳи 17-уми август рух дод, сокинони шаҳраки Шӯроб ва маҳаллаҳои навбунёди Сомониён, Афғонҳо, 13,14, 15, Навобод, Ҷазира ва Матпарй хисороти зиёд диданд.

Ин сел дар пайи боришот ва баланд шудани ҳаҷми об дар дарёи Исфара ба амал омад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?