Саховати дигари ғолиби озмуни “Сабқати фолбинҳо”

Ғолиби озмуни “Сабқати фолбинҳо”-и ширкати телевизионии ТНТ-и Русия Турсуной Зокирова ба муассисаҳои тиббии вилояти Суғд навтарин таҷҳизоти тиббиро ба арзиши 216 ҳазор сомонӣ тақдим кардааст.

Ин таҷҳизот қарор аст байни ҳафт муассисаи тиббии шаҳрҳои Гулистон, Бобоҷон Ғафуров ва бемористонҳои шаҳри Хуҷанд тақсим карда шавад.

Ҳамчунин хонандагони мактаби миёнаи рақами 4 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз Турсуной Зокирова техникаи компутарӣ дарёфт карданд.  Инчунин ӯ қаблан барои чандин бехонаҳо хона, барои бемактабон мактаб месозад ва ин ҳамаро аз пули худ ба ихтиёри давлат мегузорад. Турсуной Зокирова чанд сол пеш дар як сабқати телевизионӣ дар Русия, ки шабакаи телевизионии ТНТ баргузор карда буд, ширкат намуд ва миёни ҳамаи фолбинҳои иштирокчӣ ҷойи аввалро гирифт.

Турсуной Зокирова мегӯяд, тавоноиҳои ҷодуии худро аз гузаштагонаш ба мерос гирифтааст. Вай дар 18-солагӣ ба шавҳар баромадааст ва 27 соли дароз зиндагонии хуши оилавӣ доштааст. Баъди марги нобаҳангоми модараш зарфиятҳои ҷолиберо дар худ кашф кардааст. Аз он вақт ба инҷониб истеъдоди худро барои табобати мардум ва пешгирӣ аз баъзе ҳодисаҳои нохуш сарф мекунад. Дари ӯ ҳамеша серодам, корафтодагони зиёде наздаш меоянд ва ҳамаи сармояи ӯ аз ҳамин ҳисоб аст. Вале ин ҳамаро бо бо мардум ба ҳам мебинад, хайру садақа мекунад, даст ба ободкориҳо мезанад

Назарҳо

Мухтарам Турсуной Зокирова. Як ду дастгохи замонавии рентгениву ташхиси ва томографи ба Панчакент хам фиристед. Бовар кунед агарчи аз истиклоляти Точикистон 25 сол гузашта бошад, хам то хануз духтурони ин шахри бостони аз дастгоххои бостонии замони Шурави истифода мебаранд. На Вазорати тандурусти ва на Хукумати вилоят дар ин 25 сол хеч дастгохи муосиреро ба ин шахр намефиристад. Барои гузаштан аз оддитарин ташхиси тиббии томографи ва дигару дигар мардум мачбуранд бо харчи зиёд ё ба Душанбе оянд ва ё ба Хучанд раванд. Лутфан як хайрхохи дар хакки мардуми шахри Панчакент кунед. Дар хаккатон дуои нек хохем кард.
Ман нафахмидум,ки фолбини мумкин нест дар ватан е ин официально дошта бошад документи фолбини.апамон. Касе хаст шарх бидихад?

Шояд шумо суол ё назаре доред?