Раиси нави “Тоҷиксодиротбонк” корманди 63-солаашро латукӯб кардааст (ВИДЕО)

Мирҳаёт Ёқубов, раиси нави "Тоҷиксодиротбонк"

Мирҳаёт  Ёқубов, ки чанде боз раҳбарии муваққатии “Тоҷиксодиротбонк”-ро ба уҳда дорад,  корманди бонк Абдулмуъмин. О-ро дар ҳузури кормандони бонк, латукӯб карда, фармон додааст, то ӯро дар хоҷатхона  ҳабс кунанд.

Абдулмумин О, ки 63 сол доштааст, сардори Хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори “Тоҷиксодиротбонк” будааст. Баъди ду рӯзи ба Тоҷнюс дастрас шудани нусхаи аризаи ҷабрдида ба мақомот, Абдулмуъмин О., ки ҳоло дар яке аз шифохонаҳои пойтахт муолиҷа мешавад, розӣ шуд, ки дар бораи ин ҳодиса нақл кунад. Ӯ мегӯяд,  ба ӯ таҳидид кардаанд ва ӯ танҳо баъди чор рӯзи ҳодиса омода шудааст ба мақомот муроҷиат кунад:
“-8-уми август буд,  вақти корӣ ба анҷом мерасид ва мехостам ба хона равам. Дар ин вақт як муҳофизи бонк маро ҷеғ зад, ки сардори хадамоти бехатарӣ туро фарёд дорад. Рафта дар онҷо истодам вале гуфтанд, ки ҳоло ту даркор нестӣ. Дар ин вақт дар ошёнаи 2-юми бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” нишаста будам, ки Сардори хадамоти бехатарии “Тоҷиксодиротбонк” Қурбоналӣ омад, ки биё даро. Даромадам, ки дар даруни кабинети роҳбари бонк 4-5 нафар аз маъмурияти муваққатӣ ва 2-3 кормандҳои пешина истодаанд. Даромадам, ки як провода (ноқил) дар онҷо овезон аст. Рости гап ман раиси муваққатии бонкро 1-2 ду бор дида будам ва ӯро хуб намешинохтам. Ҳама дар дохил рост нигоҳ карда истода буданд.

 

 

Як одам аз байни ҳамонҳо, ки баъдтар фаҳмидам роҳбари муваққатии бонк Ёқубов Мирҳаёт аст, “ин чӣ аст ин чӣ аст гуфта”, аз гулӯям қапида бурда дар болои як миз афтонду хафа кард. У гулӯямро сахт хафа карда мегуфт, гап зан ки инро (жучок)-ро ҳамроҳи кӣ ва барои чӣ мондӣ?!! Шумо “жучок” монда моро гӯш мекунед. Роҳбари муваққатии бонк имконият намедод ки ман гап занам чун бо дастам гулуямро сахт медошт. Нафасам гирифту  қариб мемурдам, вале кормандони нав ва доимии бонк сардори департаменти бехатарии бонк ва дигарон дахолат накарданд. Сардори хадамоти бехатарӣ ҳатто ҷуръат накард, ки омада маро аз дасти раис халос кунад. Баъд ногаҳон раиси муваққатии бонк маро озод карду ба яке аз муҳофизонаш Сафар фармон дод, ки “инро гирифта мебаред ва дар Бонки миллӣ маҳкам мекунед ва баёноташро мегиред”.

Дар идома Абдулмуъмин О. гуфт, ӯро  муҳофиз маҷбуран ба даруни ҳоҷатхонаи бонк, ки дар паҳлуи кабинети раиси бонк будааст,  наздики  2 соат ҳабс кардааст:  “Дар ин вақт ман ба писарам занг задам, ки биё маро халос кун инҳо маро бурда маҳкам мекунанд. Тахминан соати 5:20 буд, ки писарам ба бинои асосии бонк омада, бо илтимос назди раис медарояд ва  зораю тавалло карда, ӯро розӣ мекунонад, ки маро озод кунад. Хуб баъдан 1-2 соати дигар маро бурда, баёнотамро гирифтанд. Боз назди раиси муваққатӣ оварданд, соатҳои 22 баёнот тайёр шуд ва аз онҷо озод шудам”

 Абдулмуъмин О. ҳамчун гуфт, роҳбарияти муваққатии бонк баъд аз пайдо шудани видеокамераи пинҳонӣ фармон додааст, ки ҳамаи огоҳкунандаҳои зидди сухтор (пожарные датчики) тафтиш шаванд: “Ба 156 нафар фармон дод ва намоянда даъват карда,  ҳама огоҳкунандаҳои зидди сӯхторро кофтем ва аз онҷо 4 “жучок” пайдо кардем. Баъдан мутахассисон муайян карданд, ки аз ин камераҳои пинҳоние, ки ҳам навор ва ҳам садоро нишон медиҳанд, ҳамагӣ 1 донааш кор мекардааст. Он “жучок”-е, ки маро ба хотири он лату куб карда буданд, ҳам корношоям будааст. Лекин ба он корҳое, ки маро гунаҳкор карданд, ягонтои он ба вазифаи хизматии ман дохил намешавад ва ягон роҳбар ин корро намекунад. Бояд  роҳбари бонк месанҷид, ки ин кор ба вазифаи хизматии кӣ медарояд. Ин корро ҳамонҷо аниқ накарданд ва ҳамин қадар ба ман зарбаи маънавӣ расонданд”.

Як манбаъи Тоҷнюс дар “Тоҷиксодиротбонк”, ки нахост номаш ошкор шавад, изҳор дошт, ки “низоми зиддисухторӣ ва камераҳои назоратӣ дар ҳар бонки Тоҷикистон ҳастанд. Дар “Тоҷиксодиротбонк” низ. Камераҳои назоратӣ ду хел мешаванд: ошкор ва пинҳонӣ. Камераҳои ёфт шуд, ҷузъе аз низоми камераҳои бонк буда, ба хадамоти бехатарии худи бонк тааллуқ доранд. Симҳои онҳо ба ҳуҷраҳои Хадамоти бехатарии бонк мерафтаанд. Аммо аз бетаҷрибагӣ ҳамин хел нофаҳмӣ шудааст”.

Дар раҳбарияти муваққатии “Тоҷиксодиротбонк” ва БМТ касе ҳозир нашуд, ки ин қазияро ба Тоҷнюс шарҳ диҳад.

 Маврид ба зикр аст, ки  Мирҳаёт  Ёқубов 32 сол дошта, ба ин вазифа аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон се моҳ пеш таъин шудааст, то ба ҳайси роҳбари мудирияти муваққатӣ вазъи молии бонкро беҳтар кунад.

 Ӯ мактаби №93-и пойтахтро хатм кардааст. Баъди хатми факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба вазифаи сардори яке аз раёсатҳои  “Амонатбонк” таъин шудааст.  Дар Бонки миллии Тоҷикистон кор карда, то ба вазифаи сардори Раёсати амалиёти байналмилалӣ расидааст. Ҳич гоҳе дар вазифаҳои роҳбарӣ кор накардааст. Аз афроди наздик ба муовини раиси БМТ Ҷамолиддин Нуралиев маҳсуб мешавад.

Назарҳо

як кас як гапа зад, бе ягон доказателство, ягон кас ягон каса проста так ягон чи намегуя, мардаки 63 сола ягон гунох кардагист... бад холи Худо медонад хамин мардака холи задиян ё не, дахон кати бисёр гап зада мешавад. Ман бовар намекунам ки як бачаи ёш марди 63 солая лату куб кунад, дар туалет махкам карданаш инаш может быть.
Хамаи одамои босавода аз кор сур кард. ранги худаш дворникои бисера овардай дар гирдаш чам кардай, пули халка наметия, пули корхонахоро бояд ведемости коргароя бари, мактуб куни ба пули худата гирифта метони . Ин мардака мешиносам бисер одами грамотний босавод хело сол шуд кор мекард дар банк заданд, махкамаш карданд макомот омада камерохоя бинанд хамаш хаст. Агар тоза накарда бошанд.. Пиров хама босаводоя чам карда буд дар гирдаш ин кризис аст мешавад. Мана дар агроинвестбанк дар амонатбонк хам пул нест холи содиротбанка доранд ку барои чи бонки милли хап??? Ин як спектакл аст бояд дар Точикистон факат бонкхои авлоди монанду тамом.

Страницы

Шояд шумо суол ё назаре доред?