Пирӯзии донишҷӯи тоҷик дар ҳакотуни Microsoft

Донишҷӯи тоҷик Аминҷон Абдуллозода дар ҳакотун (рақобат барои таҳияи нармафзор)-и ширкати Microsoft дар Лаҳистон соҳиби ҷои аввал шуд.
Ширкати Microsoft ин рақобатро бо иштироки ташкилотҳои лаҳистонӣ дар Варшава роҳандозӣ кардааст. Донишҷӯи тоҷик дар муддати 24 соат барномаи бозии компутериеро таҳия кард, ки дар миёни бегштар аз 25 тими ширкаткунанда беҳтарин ҳисобида шуд.
Барномаи компутерии “Лазер” ҷойи аввалро ишғол кард ва муаллифи он соҳиби сертификат ва ҷоизаи ташкилкунандагон шуд.
Аминҷон Абдуллозода донишҷӯйи соли дуюми Донишгоҳи шаҳри Вистулаи Лаҳистон аст, ки тибқи квотаи давлатӣ таҳсил мекунад.
Copyright @2015 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?