Ошкор шудани дузди 48 ҳазор сомонӣ баъд аз як сол

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, баъд аз як сол гумонбар дар дуздии 48 ҳазор сомонӣ аз бозори “Султони Кабир”-ро пайдо кардааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд,  ҷавони 19-солаи Душанбе бо он муттаҳам дониста мешавда, ки моҳи майи соли гузашта, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили сейфи як мағоза, воқеъ дар бозори “Султони Кабир” 48 ҳазор сомониро дуздидааст.

Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?