Нақлиёти дипломатӣ дар маркази Душанбе ду ҷавондухтарро пахш кард

Дар назди Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе як автомашинаи дипломатӣ ду духтари ҷавонро пахш кардааст.

Шоҳидони воқеа мегӯянд, ин нақлиёти дипломатӣ аз ҷониби Амфитеатр ба ҷониби Кохи Борбад ҳаракат мекард ва дар хати сеюми роҳ ин духтаронро пахш кардааст.

Масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ бо тасдиқи ин хабар ба TojNews гуфтанд, ҳодиса тахминан соати 13:00-и 16-уми август рух дода, бар асари он 2 духтари ҷавон захмдор шуданд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҷабрдидагон яке 18-сола ва дуввумӣ 15-сол доштааст. Аҳволи яке аз ҷавондухтарон бисёр вазнин буда, дар беморхонаи Қарияи боло дар Шуъбаи эҳё бистарӣ шудааст. Аҳволи дуввумиро табибон муътадил гуфтаанд.

Дар Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ карданд, ки нақлиёте, ки ду ҷавондухтарро пахш кардааст ба яке аз сафоратхонаҳои муқими Душанбе тааллуқ дорад. Аммо мушаххасан нагуфтанд, ки ин нақлиёт ба кадом сафоратхона тааллуқ дорад.

Тафтишоти ҳодиса давом дошта, масъулин ваъда доданд, ки бо дарёфти иттилои бештар онро дар ихтиёри расонаҳо хоҳанд гузошт.

Дар ҳамин ҳол манобеи TojNews мегӯянд, нақлиёте, ки ду духтари ҷавонро пахш кардааст ба Сафорати Олмон дар Тоҷикистон тааллуқ дорад. Кӯшишҳои мо барои тамос бо масъулини Сафорати Олмон бенатиҷа буд.

Бо дарёфти иттилои бештар хабар такмил дода мешавад. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?