Нақди рӯзноманигор Амруллоҳи Низом  бар баъзе андешаҳои доктор Ҳафиз Бобоёров

Амруллоҳи Низом

Рӯзноманигор Амруллоҳи Низом бар навиштаи доктор Ҳафиз Бобоёров нақде навишта, ки он дар расонаҳои мустақил нашр нашуд. Тоҷнюс онро дар чорчуби иқдоми "Зидди сонсур" пешкаши хонандаи гиромӣ мегардонад.  Ин матлаб "Нақде бар андешаҳои доктор Ҳафиз Бобоёров" ном дорад, ки бидуни таҳрир нашр шуд.

Андар боби нақди баъзе аз андешаҳо, дидгоҳҳо ва ё мавқеъгириҳои ҷаноби файласуф Ҳафиз Бобоёров дар партави истилоҳи сохта ва беасоси "исломи сиёсӣ" ва ба ин васила тохтану санг андохтани ӯ алайҳи сиёсатмадорони мусалмони дорои андеша ва афкори исломӣ ва ғайра...

Ба ҷои сароғоз

Банда, ҳамчун як фарди мусалмон назарам ин аст, ки Ислом ба зоти худ ҳеч гоҳ ҳамчун як дин танҳо моли сиёсату ғайрисиёсат набуд ва намешавад, дақиқтар  гӯем, ин дини оламшумул ба сиёсату бидуни сиёсат маҳдуд намешавад, балки ин пайравони Ислом-мусалмонон ҳастанд, ки дорои андешаҳо ва афкори гуногун буда ва дар ҷомеъаҳои худ ҷараёнҳои иҷтимоъӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳатто ғайримазҳабӣ ва ғайраро таъсис медиҳанд ва ё интихоб менамоянд. Айнан, мисли он, ки касе наметавонад иддаъо кунад, ки ойинҳои мазҳабии қаблазисломӣ ба мисли яҳудият, масеҳият, монавият, зардуштия, будоият ва ғайра танҳо ҷараёнҳои диндорӣ будаанду дунёдорӣ, ба маънои давлатдорӣ не! Бар илова, Ислом дар тӯли беш аз 1400 соли машрӯъияти худ собит кардааст, ки он ойини диндориву давлатдорӣ ва сиёсатгузориву ҷомеъасозӣ аст. Аммо, ин ки имрӯзҳо иддае бо корбурди ибораи сохта ва ё барчаспи беасоси "исломи сиёсӣ" болои сиёсатмадарони мусалмони дорои андеша ва афкори исломӣ метозанд, ба назари инҷониб, далели аслиашон дар чанд нукта хулоса мешавад:

- ин афрод чун рӯз то рӯз ҷойгоҳи иҷтимоъии худашонро аз даст медиҳанд ва ё тарси онро доранд, ки аз даст хоҳанд дод, зери ин ибора метозанд,

- ин афрод ҷуръати онро надоранд, ки мустақиман ва рӯ ба рӯй бо андешаҳо ва афкори сиёсатмадорони мусламони дорои андеша ва афкори исломӣ бархӯрд кунанд ва ҳатто дар аксар маврид аз рӯёрӯӣ меҳаросанду баҳонаҳо метарошанд,

- ин афрод медонанд, ки ҷойгоҳи иҷтимоиашон рӯз то рӯз тангтар мешавад, ба ин хотири мехоҳанд бо ҳар василае, ки бошад пояҳои мақоми худашонро усутвортар кунанд,

- ин афрод дар сояи чатрҳои илмӣ ва сиёсӣ ҳамагуна кинаву кудурат ва ҳасодату бағовати худро либоси илмӣ мепӯшонанд ва ба пиндори ишон ҳама мухотабонашон кару гунг лол ҳастанд ва ин чизро намефеҳманд, ки он комилан ғалат аст!

- ин афрод бо корбурди ин истилоҳ дар кишварҳое алайҳи сиёсатмадорони мусалмони дорои андеша ва афкори исломӣ тохту тоз мекунанд, ки аз нигоҳи иҷтимоъӣ аксаран мазҳабӣ мебошанд. Ва чун умдатан ин гуна сиёсатмадорони мусалмони дорои андеша ва афкори исломӣ дар ҷомеъаҳои пойгоҳҳои иҷтимоъии қавитар аз дигар рақибону ҳарифони мусалмону ғайри мусалмонашон доранд, таҳаммулашон карда наметавонанд. Аз самти дигар чун рақибонашон дар зинаҳои гуногуни қудрат ҳузур доранду бо онҳо дуруст ва аз роҳҳои қонунӣ мубориза бурда наметавонанд, аз ҳасодат ва кинатӯзӣ аввал мардумро аз онҳо метарсонанду сипас ишонро бо ҳар василае, ки бошад, ҳатто бо таҳдиди ҳабсу зиндон ва ё анҷоми қатлу кушторҳои ҷамъӣ ва инфиродӣ аз майдонҳои сиёсат ҳазф мекунанд. Барои намуна, метавон ҳодисаҳои 2013 дар Миср ва 2015 дар Тоҷикистонро мисол овард.

- ин афрод зоҳиран исломҳаросоне ҳастанд, ки дар либосҳои мухталиф алайҳи сиёсатмадорони мусалмонони дорои андеша ва афкори исломӣ дар ҷомеъаҳои мусалмонӣ мубориза меборанд.

Вуруд ба нақд

Ҳафиз Бобоёров:"- Ту мегӯӣ мусулмонҳо дар сиёсат иштирок накунанд?

- Не, дар ҳеч сурат чунин нагуфтаам. Балки тамоми талошам ин буда, ки мусулмонҳо дар сиёсат иштирок кунанд, то ҷомеа ва зиндагии шоистае дошта бошанд. Фақат гуфтаам, дар сиёсат аз номи дину худо истифода накунанд, чун динро ба сиёсат кашидан ҳам барои худи дин ва ҳам барои сиёсат беоқибат аст."

Ҷаноби файласуфи гиромӣ, ин ки мегӯед: "тамоми талошам ин буда, ки мусулмонҳо дар сиёсат иштирок кунанд, то ҷомеа ва зиндагии шоистае дошта бошанд", Агар манзуратон ин бошад, ки мусалмонони сиёсатмадори дорои андеша ва афкори исломӣ дар кишвар, дар сиёсат иштирок кунанд, ин гапатон амалан ба мавқеъгириҳо ва дидгоҳҳоятон мувофиқат намекунанд, медонед, чиро? Чун аз замоне, ки дар ҷомеа ҳамчун шахси матраҳ ном баровардед, манзурам аз ҳамон охирҳои соли 2013 то кунун пайваста алайҳи сиёсатмадорони дорои афкор ва андешаи исломӣ, ки маъмулан дар Тоҷикистон аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳастанд, дар алоҳидагӣ ва ё якҷоя бо дигар бо ҳаммаслаконатон тохтаед!  Замоне, ҳам ки раҳбари Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии (МОРМОИ) "мансуб" ба Академияи илмҳо, вале амалан зери чатри Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо раҳбарии Саймумин Ятимов кор мекардед, яке аз ҳадафҳои аслиатон зарба задан ба баданаи сиёсатмадорони мусалмон дар симои раҳбарият ва пайравони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буд ва то кунун ҳар гаҳу ногаҳе ва ҳар вақте дилатон бикашад дар васати чизҳои коридаатон ва ё дар алоҳидагӣ бо як ё ду се ҷумла ба сӯи онҳо ғаразолӯд санг мезанед.

Ҳафиз Бобоёров:"- Чӣ гуна?

- Бубин: ҳизбе, ки аз номи дин баромад мекунад, ҳар интиқоде ба иштибоҳашро чун тавҳин ба номи дину худо ва пайғамбар тафсир медиҳад ва мардумро бар зидди интиқодгар мешӯронад. Мегӯяд: Ин интиқодгар душмани дину худо ва пайғамбари мо аст. Дигар фаъолияти ин ҳизб манфиатҳои маҳдуди гурӯҳеро аз номи дину худо ҳимоя мекунад. Пеш аз ҳама, зарба ба худи дин зада мешавад, ки пайравонаш эътиқоди ботинӣ надоранд, балки барои манфиатҳои шахсӣ зоҳирнамоӣ мекунанд. Зарбаи дигар ба ҷомеа зада мешавад, ки на ҳизбе мавриди писанду ҳимояи мардум мешавад, ки барномаи беҳтару комилтари ислоҳоти ҷомеа дорад, балки номи дину худоро монополия кардааст. Барои он ки ҳизбҳои дигар бо ҳизби динӣ рақобатпазир гарданд, на ба барномаи фарогири сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, балки ба номи динӣ ниёз доранд."

Амруллоҳи Низом:- Ҷаноби Файласуфи гиромӣ, афроде, ки ин гуна андеша доранд ва ё дар ин маврид ба мисли шумо фикр мекунанд то кунун динро дуруст нашинохтаанд ва ё ин, ки шеваи интиқодро дуруст наомӯхтаанд ва ё ҳар дуро ҳам хуб медонанду ин ҷо худро ба дигар ҷо мезананд! Акнун, ки дар ин баҳс, манзур ҲНИТ аст, таваҷҷуҳ фармоед. Ба фарзи мисол, агар ҷанобашон интиқоди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро расман аз тариқи расонаҳо дар соли 2014 оғоз карда бошед, ман, Амруллоҳи Низом ҳамин корро расман аз тариқи расонаҳо аз соли 2008, яъне шаш сол қабл аз шумо оғоз кардаам. Аммо тафовути интиқодҳои банда аз ҷанобашон дар он аст, ки аз як сӯ ман ҳамчун як мусалмон интиқод кардааму бо зикри далелҳо гамапро ба ишон гуфтаам! Аз сӯи дигар қариб бо тамоми раҳбарияти он муносибати хуб барқарор кардаам, соддатар карда гӯям бидуни ғараз аз ишон интиқод кардаам. Ба ин хотир гоҳ сари як миз бо онҳо мешинаму гоҳ рӯ ба рӯ интиқодашон мекунам ва ё баъди гапҳои сахт ва интиқодҳои хеле талх бо онҳо бидуни кинаву ҳасодат ва бадбинӣ сари як пиёла чой нишастаам, аз раҳбар то раҳраву пайрави он на кофирам хондаанду не душмани дини Худову Паёмбараш эълонам карда, радди маъракаам кардаанд. Айнан ҳамин корро аз беҳтару хубтар аз ману шумо шояд касоини дигаре ҳам анҷом дода бошанд. Барои мисол ҷаноби Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо ва ғайра...

Аммо шумо ҳамчун як фарди ғайримусалмон онҳоро интиқод кардаед, интиқоде, ки дар баъзе ҷойҳо аз марзи танқид фаротар рафта, натанҳо ба сарҳади тавҳин нарасидааст, балки дар замони раҳбариатон дар МОРМОИ барои ҳазфи ин ҳизб аз саҳнаи сиёсат ва ба ин васила мусодараи дороӣ ва амволи раҳбарият, аъзо ва баъзе ҷонибдорони он, ҳатто ба гирифтор кардани онҳо дар шиканҷаву зиндонӣ шудани беш аз 400 нафар аъзо ва ҷонибдорони он аз ҷониби ҳукумату мақомот саҳми шумо ва ҳаммаслаконатон дар он Маркази илмӣ аз саҳми як афсари ҷонбаркафу ҷоннисори режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон як зарра ҳам кам набудааст, ҳоло ҳам интизор доред, ки аз шумо бут бисозанду дар малаи омм ситоишатон кунанд? Агар содатар карда гӯем, он замон ҳукумат аз шумо назар мепурсид ва маркази шумо ба навъе "ҳукм" содир мекард. Агар мақомот бо зарби зӯр ин ҳама зулму ноадолитоҳоро болои онҳо раво дида бошанд, пас шумо дар он замон ин ҳама кори онҳоро як навъ либоси илмӣ мепӯшондед ва таъкид мекардед, ки набояд дин, ислом ба сиёсат дахолат кунад, ҳизби сиёсӣ набояд динӣ бошад ва амсоли он. Ин гапҳоятонро соддатар карда гӯем, маънои инро дошту доранд, ки ҲНИТ ҳаққи вуҷуд дар саҳнаи сиёсат ва рақобат бо режими худкомаро надорад, бо ҳар қимате бошад, бояд аз саҳнаи сиёсат ҳазф шавад, коре, ки шуд...

Бар илова, шумо мухолифи ба қудрат расидани дин дар давлат ҳастед, ин андешаатон, ки мегӯед, "Пеш аз ҳама, зарба ба худи дин зада мешавад", ин "дилсӯзиатон" нисбат ба дин ва динбоварон ҳамон ҳикояи "хурус ва рӯбоҳ"-ро ба ёд меораду бас! Дар идомаи ин ҷумлаатон ҳам таъкид кардаед, ки "ки пайравонаш эътиқоди ботинӣ надоранд, балки барои манфиатҳои шахсӣ зоҳирнамоӣ мекунанд", баҳ-баҳ, ин чӣ кишфиёте! Ҷаноби Файласуф, ин кашфиётро аз куҷо ва аз кудом тариқ ба даст овардаед, ки "пайравонаш эътиқоди ботинӣ надоранд"? Магар то кунун дили касе аз онҳоро шикофта дидаед, ки оё эътиқоди ботинӣ доранд ё на? Ин кашфиётро баъди дилпоракунии чанд нафари онҳо собит кардаед? Дар куҷои дин ва ё дунёи демокросӣ таъкид шудааст, ки барои ташхиси дидгоҳҳои як гуруҳ ва ё афроди як ҷомеа бояд ва ҳатман аз эътиқоди ботинии онҳо ҷанобашон ва ё амсоли он огоҳ бошанд?

Ислом ба зоҳири аъмоли кас ҳукм мекунад, на ба ботини он! Ин андешаатон ҳам, ки тасреҳ мекунед, "Барои он ки ҳизбҳои дигар бо ҳизби динӣ рақобатпазир гарданд, на ба барномаи фарогири сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, балки ба номи динӣ ниёз доранд", ин ҳам ғалате андар ғалате беш нест! Фарз кардем, як гуруҳе биоянду бигӯянд, мо "Ҳизби Худоӣ"-ем, вале ҳеч барномае барои рушду шукӯфоии далват ва сарбаландии миллату рифоҳи ҷомеа надошта бошанд, ба мардум бигӯянд, ҳар касе ба мо раъй дод дӯсти мо ва дигар ҳама душман ва ё рақиби мо, аммо гуруҳи дигаре биоянду ба мардум бигӯянд, мо "Ҳизби Хидматгузорем", мо ҳам барои рушду шукӯфоии давлат барномаи мушаххас дорем ва ҳам барои сарбаландии миллату рифоҳи ҷомеа, агар шумо ба мо раъй бидиҳед, қавл медиҳем, ки ояндаи шумо ва тамоми шаҳрвандону сокинони кишварро дурухашон ва рифоҳи иҷтимоии шуморо дар муддати панҷ ва ё даҳ сол таъмин мекунем, мардум ба кӣ раъй медиҳанд, албатта ба ҳизби Хидматгузор раъй медиҳанд ва на ба он ҳизби Худоӣ! Мардумро ин қадр гулу гаранг шумурдан коре хубе нест, зеро чунин андеша ва ҳукм кардан дар зоти худаш як навъ таҳқири ғайри мустақим ба тамоми миллат дониста мешавад

Ҳафиз Бобоёров:"- Мо мусулмонҳо ба сиёсат ҳақ надорем?

- Боз мегӯям, чунин нагуфтаам. Мусулмон чун ҳамаи инсонҳо ба иштироки сиёсӣ ҳақ доранд, то зиндагии шоиста дошта бошанд. Танҳо гуфтаам, ки ҳизби сиёсӣ аз номи дину худо истифода накунад. Ин фақат марбути мусулмонҳо нест. Масеҳият то асри нав ҳукуматдор буд ва бубинед чӣ кор кард. Аз таърихи инкивизитсия хуб огоҳ ҳастед. Таърихи сӯиистифода аз дини зардуштӣ ва исломро медонед. Дин кори виҷдони фардӣ аст, ба ҳарими хусусӣ дахл дорад. Онро набояд сиёсӣ кард, яъне ба ҷомеа баровард. Ин ба маънои фурӯхтани виҷдон ба хотири манфиатҳои дунёӣ аст."

Амрлуллоҳи Низом:- Ҷаноби файласуф, як чизро ҳеч намефҳамам, баъзан худатонро ба нодонӣ мезанед ва ё мавзӯъро дуруст дарк нокарда ҳарф мезанед ва ё ин, ки дониста мухотабро ба иштибоҳи андеша тела медиҳед. Аз назари эътиқодӣ, ки ҷанобашон на танҳо ба Ислом, балки ба тасдиқи худатон ба ҳеч дине боварманд нестед ва пайваста ба қадри тавон талош мекунед, ки садди роҳи ба қудрат расидани мусалмонони дорои афкор ва андешаи исломӣ дар кишвар бошед, чиро вақте ДИН мегӯед, як бор ба кишваре, ки дар он зиндагӣ доред, нигоҳ намекунед, ки наздик ба 20 сол аст онро як ва ё якчанд ҳизбҳои дорори номи дини Худо идора мекунанд ва аз назари димокросӣ дар раддаи аввали кишварҳост, аз нигоҳи иқтисодӣ низ ҳамчунин ва аз нигоҳи таҳаммулпазирии иҷтимоӣ миёни пайравони динҳои мухталиф ва ойинҳои гуногун ҳам дар ҷойгоҳи хеле болое қарор дорад, Сингапурро ҳам як зани мусалмони дорои андешаи исломӣ идора мекунаду Малайзияро ҳам ба ин гуруҳ ворид кунеду бибинед...

Дар ҷумлаи баъдиатон ҳам мегӯед, "Дин кори виҷдони фардӣ аст, ба ҳарими хусусӣ дахл дорад. Онро набояд сиёсӣ кард, яъне ба ҷомеа баровард. Ин ба маънои фурӯхтани виҷдон ба хотири манфиатҳои дунёӣ аст".

Дин агар ба танҳо ба ҳарими хусусӣ дахл медошт, сохтани ин қадр масҷиду калисову куништу ибодатгоҳҳо, ки рӯзона садҳо ҳазор маросими мухталифи мазҳабӣ дар онҳо баргузор мешавад, барои чӣ сохта шудаанд? Дар дунё беш аз чор миллиард одам аз динҳои мухталиф пайравӣ мекунанд ва аз нигоҳи имли сиёсатшиносӣ беш аз 70% дар сади ин мардум, яъне зиёда аз се миллиарди онҳо бо ҳар навъе дар корҳои сиёсӣ ва сиёсат иштирок мекунанд ва ҳар гаҳу ногаҳе як ва якчанд амалҳои мазҳабиашонро дар ҷомеа либоси сиёсӣ мепӯшонанд, пас ба назари шумо ин ҳама хатокору хилофкор ва "виҷдонфурӯш" ҳастанд, ки ба ҳар роҳе намодҳои диниашонро ба ҷомеа бароварда сиёсӣ мекунанд? На! Фалсафаи бемантиқ ҳеч арзише надорад, ҳамон тавре, ки ин андешаро инҷо беарзиш менонам! Ин чиз хилофи мантиқи солим гуфтан мехоҳад, ки набояд он чӣ дар дег биҷӯшад, дар кафлес хориҷ шавад!

Ҳафиз Бобоёров:"- Оё мусулмонон ҳақ надоранд дар кишвари худашон бо номи Ислом ҳизбе таъсис диҳанд?! Шумо кӣ ҳастед, ки ин ҳақро аз онҳо меситонед?

- Ман чунин ҳақро надорам, вале бо такя ба хирад мегӯям оқибати кор нохуб аст. Агар мусулмонҳо ҳизби исломӣ ташкил доданд, ғайримусулмонҳо бояд ҳизбҳои масеҳӣ, зардуштӣ, атеистӣ... таъсис диҳанд? Фикр накардаед, ки тавозун куҷо мешавад? Демукросӣ худ аз худ ғайб мезанад. Ҳар эътиқод дар сиёсат оқибат ба тоталитаризм меанҷомад. Бадтар аз ин, ҳар эътиқоде, ки сиёсӣ шуд, бо эътиқоди дигар вориди ихтилофи оштинопазир мешавад. Магар ҷангҳои мазҳабии шиаёну сунниён дар асрҳои миёна дарси ибрат нестанд? Магар атеизми шӯравиро надидем, ки чӣ натиҷа ба бор овард? Гарчанде он аз Ғарб омада буд, вале дар он ҷо боиси бадбахтӣ нашуд, балки боиси пешрафтҳои илмӣ шуд, чунки сиёсӣ нашуд."

Амруллоҳи Низом:- Ба гуфти шоир, "гузаштаҳо гузаштанд,-ҷангҳои шиъаву суннии асрҳои гузаштаро раҳо карда,-ба фикри оянда бошед!". Инҷо гап байни худамон, ҳамчун дӯст як тавсия дорам. Ҳеч гоҳ дар ҷомеаҳои илмиву фалсафӣ дар Ғарб ин ду ҷумларо зикр накунед: "Ҳар эътиқод дар сиёсат оқибат ба тоталитаризм меанҷомад. Бадтар аз ин, ҳар эътиқоде, ки сиёсӣ шуд, бо эътиқоди дигар вориди ихтилофи оштинопазир мешавад", чун натанҳо беэътибор хоҳед шуд, балки шуморо бехирад ҳам хоҳанд гуфт. Зеро ҳамин, ки мегӯед, ба ҳеч дине боварманд нестед, ҳамин ҳам дар зоти худаш як навъ эътиқод аст. Аз нигоҳи фалсафӣ бовар накардан ба чизе ҳам худаш як навъ бовар кардан аст. Аз нигоҳи илмҳои сиёсатшиносӣ тамоми ҷараёнҳои сиёсӣ дар ҷомеа дорои андеша ва эътиқодоти хоси худ мебошанд. Капиталзм ҳам як навъ эътиқод асту Либерализм ҳам Комунизм ҳам як навъ эътиқод асту Исломизм ҳам...Фарз кардем, шумо бо ҳаммаслаконатон идораи кишвареро ба даст гирифтед, кӣ кафолат медиҳад, ки "бо такия бо хирад" мардум ва ҷомеаро ба бехудоӣ даъват намекунед? Ба ибораи соддатар, кӣ кафолат дода метавонад, ки шумо эътиқоди бехудоиатонро вақти ба қудрат расидед сиёсӣ намекунед? Ҳоло, он ки вақте дар Тоҷикистон будед, он ҳам замоне, ки аз қудрат хеле дур будед, дар маҷлисе, ки дар садри он ҳузур доштед, пири тариқататон ҷаноби Комил Бекзода расман аз ҳукумату мақомоти кишвар талаб карда буд, ки ба хотири расонидани ин афкори лодинӣ ва бехудоӣ ва ҳатто зиддиХудоӣ, ба шумо шароит фароҳам биоранд, мошинҳои махусус таҳвилатон диҳанд ва маблағ ҷудо намоянд, то шумо рафта дар байни мусалмонони кишвар онҳоро тарғибу ташфиқ кунед. Шумо вақте аз қудрат чанд фарсах дур будед, даъво доштед, ки бояд эътиқоди бединиатонро ба ҷомеа бикашеду онро сиёсӣ кунед, ҳоло бошад хеле гапҳои носозор ба воқеияти худ ва ҳаммаслакони худатон мегӯед, ин аҷаб нест?

Ҳафиз Бобоёров:- ДОИШ натиҷаи сиёсӣ кардани дин аст, ҳамон гунае ки Инквизитсия масеҳияти сиёсӣ аст."

Амруллоҳи Низом:- Ҷаноби aайласуф, касоне мегӯянд, ки ДОИШ натиҷаи сиёсӣ кардани дин аст, онро нашинохтаанд, таърихи онро дуруст наомӯхтаанд. ДИИШ натиҷаи хостаҳои баъзе абарқудратҳост ва асоси онро даст ёфтан ба манобеи арзонтари табиӣ ва иқтисодӣ ташкил медиҳад. Инро ҳеч гоҳ ба сиёсӣ кардани дин рабт надиҳед, чун ин андеша аз бехаш ғалат аст. Он ҷо асли ҷангро аввал газу нафт ва сипас фурӯши силоҳ ташкил медод, акнун таҷрубаи силоҳҳои сақила ва дигар лавозимоти ҷангии баъзе кишварҳои ғарбиву шарқӣ онҷо идома дорад. Афғонистонро ҳам онҳо ба ин ҳолат гирифтор кардаанд. Либияро ҳам ба хотири нафт ва дигар бойгариҳои зеризаминиаш ба ин вазъияти асафбор расонидаанд... хоҳиш мекунам, дӯстоне, ки дар ин бора таҳқиқ мекунанд як бор дасти кам дидгоҳҳои сиёсатмадорони ғарбӣ, бахусус дидгоҳҳои собиқ вазири корҳои хориҷаи ИМА хонум Ҳиларий Клинтон ва пеш аз он дидгоҳҳои Буши писарро дар мавриди ҳамла ба Ироқ мутолеа кунанд...

Шояд шумо суол ё назаре доред?