Нахустин писари Фарзонаи Хуршед дида ба олам кушод

Фаридун ва Фарзонаи Хуршед, ду овозхони шинохтаи тоҷик соҳиби нахустин писарча шудаанд.

Хабари таваллуд шудани нахустин писарро нахуст Фаридуни Хуршед чанд лаҳза пеш дар сафҳаи фейсбукиаш нашр кард.

Диловари Мизроб, продюсерри Фарзона дар шарҳи ин хабар ба TojNews гуфт, писари нахустини Фарзона ва Фаридун пеш аз зуҳри имрӯз 17-уми август дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Мизроб, феълан вазъи саломатии модару писар хеле хуб мебошад.

Ин дуввумин фарзанди Фарзона ва Фаридуни Хуршед мебошад. Моҳи майи соли гузашта онҳо соҳиби як духтарча бо номи Закия шуда буданд. Аммо ба дунболи гаҳворабандон кардани Закия дар яке аз тарабхонаҳои пойтахт Кумитаи дин ин ду овозхонро барои нақзи қонуни танзим ҷарима кард буд.

Хабари оиладор шудани Фаридун ва Фарзонаи Хуршед дар моҳи майи соли гузашта расонаӣ шуда буд. Он вақт расонаҳо хабар дода буданд, ки Фаридун ва Фарзона ҳанӯз соли 2014 бо ҳам никоҳи мусалмонӣ карда зиндагӣ доштанд, аммо аз нашри хабари оиладор шуданашон худдорӣ карда буданд.

Фарзонаи Хуршед ва Фаридуни Хуршед ҳарду овозхонони машҳур дар эстрадаи тоҷик мебошанд. Фаридуни Хуршед соли 2011 ба рӯи саҳна омадааст. Мухлисонаш ӯро бештар бо таронаи “Эмануэла” мешиносанд. Ӯ соҳиби як маҷмӯаи таронаҳо бо номи “Азизи ман” буда, Соли 2014 барандаи ҷоизаи “Падидаи сол”-и Big Apple Music Awards-2014 гардида буд. Фарзонаи Хуршед, фарзанди Сурайё Қосимова, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик мебошад. 

 

Назарҳо

Нагз гап задан даркор дааа гуед, ки Фазона 2сол махбаси шудааст, овозхони махбаси шуда, аммо боз озод шуда !!!
Хай бад махбаси шшудаст ё не шумода чи ?ачоиб мардум дорем мо хушбахтии як каси дигара дида наметонен ? Барои чи инкадар хасуди мекнен аз хасуди касофатию бадбахти сар мезана хар чизе шидаст ё не за то зиндагии хушбахтона дора ! товба.
У вас на свет совсем недавно появился очаровательный карапуз. Так пусть же эта дата станет для вас своеобразным праздником вашей любви, пусть ваша кроха никогда не болеет, растет не по дням, а по часам и уже через пару лет станет радовать своими достижениями. Пусть судьба у малыша будет легкой, а жизнь счастливой.

Шояд шумо суол ё назаре доред?