Муттаҳам дар қатли сарбози рус ба 20 соли зиндон маҳкум шуд

Алексей Буенков

Аҳлиддин Машрабов, сокини шаҳри Қурғонтеппа, ки дар куштори сарбози пойгоҳи 201-и Русия муттаҳам дониста мешуд, ба 20 соли ҳабс маҳкум шуд.

Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми Аҳлиддин Машрабовро дирӯз 24-уми октябр содир кард. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Машрабов 22 соли зиндон талаб карда буд.

Нисбати Аҳлиддин Машрабов, бар асоси ду моддаи Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон , яъне моддаи 104 - куштор ва 237 - авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд.

Ҳодисаи куштори Алексей Буенков, як сарбози пойгоҳи 201 дар шаҳри Қурғонтеппа дар пайи занозанӣ бо ҷавонони маҳаллӣ шаби 30 ба 31-уми июли соли равон рух дода буд.

Ин сержанти 40-сола дар тарабхонаи “Карина” дар шаҳри Қурғотеппа бо чанд ҷавони маҳаллӣ муноқиша мекунад ва  дар натиҷа сарбози рус ба ҳалокат расид.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?