Маҳмадаминов натиҷаи ҳамоиши Душанберо дар СММ эълон кард

Дар шаҳри Ню-Йорк бо ташаббуси Тоҷикистон брифинг оид ба Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои марбута доир шуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, брифинги мазкур дар бинои Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ таҳти унвони “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва санитария” (Душанбе, 9-11 августи 2016) баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Намояндагони доимии як қатор кишварҳои аъзои СММ (Финландия, Непал, Танзания, Тонга, Марокаш, Гамбия, Тайланд, Маурис, Боливия, Фиҷӣ), Фиристодагони махсуси кишварҳои СММ оид ба Панели сатҳи баланди вобаста ба масъалаҳои об (Нидерланд, Маҷористон, Австралия, Бангладеш, Африқои Ҷанубӣ) ва намояндагони Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UNDESA) ширкат намуданд.

Брифингро Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ифтитоҳ намуда, Муовини аввали Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Султон Раҳимзода ба таваҷҷуҳи меҳмонон маълумоти муфассалро роҷеъ ба Ҳамоиши болозикр расонида,  изҳори умедворӣ намуд, ки Ҳамоиши Душанбе барои баррасии масъалаҳои дарёфти роҳҳои иҷрои ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он замина фароҳам хоҳад овард. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?