Журналист Санҷар Ҳошимӣ 15 октябри соли 1990 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷекат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ӯ маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №35 ба номи Бозор Шарифови ҳамин деҳа гирифта, пас аз хатми мактаб барои идомаи таҳсил озими...
Кӯшиши номуваффақи ғорати "Агроинвестбонк" дар Данғара
Интишор шуд: 20 апреля, 2016 - 11:10

Дар Данғара сокини 22-солаи ҳамин ноҳия ба роҳзанӣ ва ҳамла ба бинои "Агроинвестбонк" муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, 19-уми апрел, тахминан соатҳои 04:30 дақиқа як нафар бо зӯроварӣ вориди бинои "Агроинвестбонк" шуда, муҳофизро бо 17 зарби корд маҷруҳ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Корманди 36-солаи милиса, ки бинои бонкро муҳофизат мекард, бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқол ёфта, гумонбар боздошт шудааст.
Тафтишоти пешакӣ дар робита ба ин қазия идома дорад.
Copyright @2016 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?