Ҳоҷӣ Ҳалим. “Сникерсхӯри Маскав”, муовини вазир ва муттаҳам ба террористӣ

Генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо, собиқ муовини вазири мудофиа, ки ба содир намудани амалҳои террористӣ муттаҳам мешавад, 51 сол дорад.

Ӯ 1-уми январи соли 1964 дар колхози Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 63 шаҳри Душанберо соли 1981 хатм карда, то соли 1983 дар корхонаи нассоҷӣ фаъолият намудааст. Аз моҳи майи соли 1983 то моҳи майи соли 1985 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст.

Солҳои 1985-1986 дар Раёсати таъмирию сохтмонии "Курортстрой" адои вазифа намуда, аз соли 1986 то 1992 дар вазифаи сардори анбори "Межоблагропром" кор кардааст.

Аз зиндагиномааш, ки дар сомонаи расмии Вазорати мудофиа нашр шудааст, чунин бармеояд, ки то оғози кор дар вазорати мудофиа дар ягон мактаби олӣ таҳсил накардааст. Аз ҳисоби саҳми 30%-аи мухолифини собиқ ба вазорати мудофиа ба кор ҷалб мешавад.

Дар як сӯҳбат ба ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар моҳи январи соли 2013 нақл карда буд, ки дар соли 1997 дар Қазоқистон ба тиҷорат машғул буд. Бо даъвати Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари собиқ ИНОТ ба Теҳрон меравад. Бо пешниҳоди Саид Абдуллоҳи Нурӣ командири баталйони 25-и Вазорати мудофиаро қабул мекунад. Дар ин мусоҳиба иқрор мекунад, ки вақти кор дар баталйон ба ӯ ҳамчун “як сникерсхӯри Маскав” менигаристанд... Аммо вақте шинохтанд, аз ин ҳарфҳояшон гаштаанд, - гуфтааст ӯ.

Тибқи маълумоти сомонаи вазорат, 7-уми сентябри соли 1997 ба вазифаи командири қисми низомии 31001 таъин мешавад. То ин вақт ягон рутбаи ҳарбӣ надошт, аз ҷониби вазири мудофиа рутбаи полковникӣ дода мешавад. Бидуни таҷрибаи ҳарбӣ.

Сомонаи вазорат аз Ҳоҷӣ Ҳалим чунин сифат мекунад, “сипас дар вазифаҳои гуногуни сохтори ВМ софдилонаю садоқатмандона адои хизмат намудааст”.

Дар солҳои 2003-2005 дар Академияи умумиқӯшунии Федератсияи Русия таҳсил мекунад. Баъди таҳсил солҳои 2005-2007 дар вазифаи муовини аввали фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Дар ин миён солҳои 2006-2009 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад. Солҳои 2007 то 18-уми январи соли 2014 вазифаи сардори Раёсати хадамоти қӯшун ва бехатарии хизмати ҳарбиро ба ӯҳда дошт. Аз январи 2014 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Дорандаи рутбаи генерал-майор мебошад.

Охири солҳои 2012 ва ибтидои соли 2013 атрофи исми ӯ сару садоҳо дар матбуот зиёд шуд. Маҳмадрӯзи Искандаров, раиси зиндонии ҳизби демократи Тоҷикистон дар як мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Нигоҳ” дар моҳи декабри 2012 Ҳоҷӣ Ҳалимро ба он муттаҳам кард, ки дар боздошти ӯ даст дорад. Маҳз Ҳоҷӣ Ҳалим ӯро барои мулоқот дар Маскав даъват мекунаду милисаҳои рус Искандаровро боздошт мекунанд.

Маҳмадрӯзи Искандаров аз ду ҳолат ёд мекунад. Яке дар соли 2003 дар Душанбе дигари дар Маскав. Бори аввал Ҳоҷӣ Ҳалим ӯро ба хонааш даъват мекунаду кормандони милиса Искандаровро боздошт мекунанд. Танҳо бо дахолати вазири пешини ВКД Хумдин Шарипов озод мешавад. Бори дуюм дар Маскав Ҳоҷӣ Ҳалим бо як занги телефон ӯро ба мулоқот даъват мекунад, кормандони милиса боздошт мекунанд, ки баъди он ба Тоҷикистон истирдод мешавад. Ин дар солҳое иттифоқ афтодааст, Ҳоҷӣ Ҳалим дар Академияи умумиқӯшунии Федератсияи Русия таҳсил мекард.

Аммо Ҳоҷӣ Ҳалим дар суҳбаташ бо “Нигоҳ” ин гуфтаҳои Маҳмадрӯзӣ Искандаровро рад мекунад. Худашро бародари ӯ ном мебарад. Мегӯяд, ки вақте ӯро боздошт карда ба Душанбе оварданд, дар Маскав набуд. Қазияи бори аввалро чунин шарҳ медиҳад, ки ӯ қумандон Шоҳ Искандаровро ба хонааш даъват мекунад, онҳо ҳамроҳи Искандаров меоянд. Ҳодиса шаби 1-уми январи 2003, дар рӯзи мавлуди Ҳоҷӣ Ҳалим будааст...

Дар охири соли 2012 Додоҷон Атовулло, раҳбари ҷумбиши “Ватандор” бо пахши як изҳорот гуфта буд, ки Ҳоҷӣ Ҳалим дар пайи нест кардани мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон аст ва барои анҷом додани ин кор 1 миллион доллар ҳам гирифтааст. Ҳоҷӣ Ҳалим ин иддаои Додоҷони Атовуллоро низ рад карда буд.

Нақл мекунад, ки бо Додоҷон Атовулло шиноси дерин буда, бори аввал дар ибтидои солҳои истиқлол бо ҳам ба ҳаҷҷ рафтаанд... Аз Додоҷон Атовулло даъват карда буд, ки омода аст, дар ҳар куҷое набошад мулоқот карда, исботи ин ҳарфҳоро аз забони ҷаноби Атовулло бишнавад.

Баъди хатми Академияи низомӣ дар Маскав ва 6 соли кор дар вазорати дифоъ ба ӯ рутбаи генерал- майор медиҳанд.

Январи соли 2013 дар мусоҳибаи зикршуда хабарнигори “Нигоҳ” аз ӯ пурсидааст, ки “фикр намекунед, ки рӯзе мерасаду сарнавишти шумо ҳам ба мисли фармондеҳони собиқ давр мехӯрад? Ин нигарониро ҳам доред?” Чунин посух додааст:

- Агар бародароне бошанд, ки тӯҳматат кунанд, дӯстоне бошанд, ки туро фурӯшанд, ҳар кор имкон дорад. Ин зиндагӣ аст, ҳарчӣ мешавад. Аммо мутмаинан як чӣ мегӯям, ки агар бо тӯҳмат маро нагиранд, бо рост маро муттаҳам карда наметавонанд. Шукри Худо, ман қонунҳои Худову давлатро риоя мекунам, дилам ба покии худам пур аст. Аз Худо метарсам ва ҷинояте дар ҳаққи инсонҳо накардаам. Ҳар чӣ кардам, ба нафъи давлату мардумам буд. “Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд, бигзарад”. Омодаам ҳар чӣ, ки тақдир ба ман насиб мебинад, таҳаммул кунам, зеро аз тақдир ҷои гурез нест.

4-уми сентябри 2015 Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноят аз вазифаи муовини вазири мудофиа барканор шуд. Ӯро дар даст доштан ба ҳамла ба дастгоҳи Вазорати мудофиа ва ШКД-и шаҳри Ваҳдат муттаҳам мекунанд. Дар пайи қазияҳои даргирӣ дар Душанбеву Ваҳдат 17 нафар ба ҳалокат расида, Ҳоҷӣ Ҳалим ба дараи Ромит фирор кардааст. Ӯро полковники дигари вазорати мудофиа Ҷунайдуллоҳ Умаров ҳамроҳӣ мекунад... 

Copyright @2015 TojNews

Назарҳо

Кандатона занед, журналистони Точнюсу Нигох!!! Холисона навиштед. Журналистикаи милли хамин аст.
Ман гумон дорам. ки ташкилкунандаи ин ходиса хизби нахзати исломии Точикистон мебошад. Бешубха хамаи фаъолони ин хизб дар хонахои худ яроку аслихаи оташфишон нигох дошта, интизори «команда»-и рохбархои хоричиашонанд. Дар сурати гирифтани он, онхо боз чангу хунрезиро ташкил мекунанд. Аз кирдорхои генерали курнамак хочи халил, ки аъзои хамин хизби ватанфурушон аст бамеояд, ки ин падарлаънат фармони худро гирифтааст, ва айби Хукумати Точикистон дар он аст, ки бо онхо ошти карда хамаи онхоро дар вакташ нобуд насохт. Агар ин нахзатихо интизори дастгирии халк барои дар радифи онхо рост шуда бар зидди Хукумат чангидан бошанд, номаъкул мекунанд. Мардум хеч гох шуморо дастгири намекунад ва интизор аст, ки макомоти кудратии кишвар харчи зудтар хиёнаткоронро дастгир намуда, чазои онхоро медихад.
Сиесатро намефахми харо гар мезани?
Дуруст аст!! Ин нахзатихо оромира намехохан!! Вазъията дар кишвар ноором кунан шояд сармояи зиёд метаншон? Шумо як маротиба миллатро ба нобуди бурдед!! Бас кунед дигар игвора!! Монед мардум осуда бгарда!!
Агар шумо инқадар иттилоот дар даст доштед чаро як одами бетаҷрибаро бар сари кор овардеду ин ҳама сол аз ӯ ба унвонҳои гуногун пазироӣ кардед?! Ин ҳама коркунони имрӯза низ ба назар мерасад саводнок нестанд! Бештари онҳо мақомотро харидаанд ва доранд ҳаррӯз харидорӣ мекунанд!
Бисёр хам як шармандагиву фочиаро боз имруз Назарзодаи дупагона ба сари мардуми Точикистон овард. Хайфи хамун пагонхои генерали, хайфи нангу номуси хамин хел шахсхо. Барои чи мо мардуми точик бо хап мекнему, нисбати чунин шахсон фикру акидахои худамонро иброз намедорем. Ай пушти чунин шахсон боз чандин модари точик марги фарзанди чавонашро мебинад, чандин тифлакони точик бе сарпанох мемонанд чандин сокини чумхуриямон бе ягон сабаб чонашонро аз даст медиханд. Агар мову шумо эй мардуми точик имруз амалу кирдорхои аъзоёни ХНИТро ба мисли Назарзода Абдухалими Мирзо… махкум накунем пас фардо ин фочиа бар сари хамаи мову шумо меояд. Пагох чунин хоинхо чунин аъзоёни хизби нахзат ки аз дини мубини ислом истифода мебаранд дар Кулобшахри мо вазъиятро ноором месозанд. Гарчанде ки имруз Точикистони азизи мо аз хамаи чихатхо пешрафта ба хисоб равад хам бе кумаки мову шумо мубориза бурдан бо чунин хоинхо мушкилихои зиёдеро пеш меорад. пас биёед барои тинчиву оромии хамин точикистони кучак акаллан сухан кунем акаллан гап занем ки бас аст мардумфиребии ХНИТ то ба кай ту дар байни мардуми точик шур меандози эй Кабирии гумрох. Худат ку дар Турцияву дигар давлатхо гаштестай фикри дигархоро намекуни. фикри аъзоёни ХНИТ ки пас фардо аз барои ту онхоро хам вовчик мегуянду барои ичрои фармонхои ту ба чавобгари кашида мешааванд намекуни. бад ту худут зану кудакхои онхоро мехурониву мепушони. ман бовари дорам ки хамин Назарзодаи дуруяи хоин хам бо ёрии Кабири ва дигар помошникхои хоричи даст ба хамин кор задааст.
сарчашмаи хамаи ин ба сари кудрат омадан тавассути пул ва тагабози хаст ягон кадри бокуввату бе тагаро дар ягон муассиса ба кор кабул намекунанд чунки тага надоранд пул надоранд шикамашон бо ку курсии менишастагиашон мувофик нест
Ман хайрон мешам ба нфароне, ки пуштии ин тоифа одамонр мегиранд инхо ба манфиати хамин давлат хичи накарданд аммо хамин давлатро горат карда сарвати чамъ кардаашон ба милионхо мерасад лекин хиси милли надоранд камтар пулу моли зиётар ба онхо ваъда кунанд брои ноором сохтани кишвари азизамон тайёранд ба ин амали худ чи мехост нишон дихад ин генерал худашонро ки хисоб мекунанд охи бо ярок бархестан у ягон бехбуди меорад. Ин генерал фармони дигар куавхои манфиатчуй дохили ва берунии далатамонро ичро карда истодааст.

Шояд шумо суол ё назаре доред?