Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон дар Душанбе

Ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистон ва Қазоқистон 4-уми июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Бино ба иттилои Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар ин ҳамоиш қарор аст бештар аз 20 ширкати содиротии Қазоқистон, ки дар самтҳои мошинсозӣ, сохтмон, дорусозӣ, саноати кимиё ва тавлидоти озуқа фаъолият мекунанд, ширкат намоянд.
Манбаъ мегӯяд, ҳадафи баргузории ҳамоиши мазкур таҳкими минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кушвар ва ҷустуҷӯи захираҳои истифоданашуда дар рушди ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф аст.
3-юми июни соли гузашта низ нишасте миёни соҳибкорони тоҷик ва қазоқ дар шаҳри Душанбе доир шуда буд ва дар он бештар аз 100 ширкати тавлидотию тиҷоратӣ аз ду ҷониб иштирок карданд. Дар анҷоми ҳамоиш ин ширкатҳо муваффақ шуданд, ки ба маблағи бештар аз 60 миллион доллари ИМА муоҳадаҳои тиҷоратӣ имзо кунанд.
Бино ба рақамҳое, ки Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон ироа мекунад, танҳо дар семоҳаи аввали соли равон гардиши мол миёни ду кишвар наздик ба 160 миллион долларро ташкил додааст. Дар гардиши мол бо Тоҷикистон Қазоқистон баъди Русия дар мақоми дуюм қарор дорад.
Copyright @2015 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?