Ҳалокати майори Вазорати мудофиа дар Бадахшон

Неъматулло Хайруллоев, майори Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар пайи чаппа шудани як БТР  дар ноҳияи Ишкошим ба ҳалокат расидааст.

Расонаҳои хабарӣ менависанд, майор замоне ба ҳалокат расид, ки як ҳамроҳ бо сарбозон барои иштирок дар размоиши муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистону Чин мерафтанд.

Ҷасади майор Хайруллоеви 31-сола дар зодгоҳаш ноҳияи Вахш ба хок супорида шудааст.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, “нисфирӯзии 17 октябр дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим садамаи нақлиётӣ рух дода, бар асари он як нафар низомӣ ба ҳалокат расидааст.”

Ба қавли Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД,  мошини низомӣ аз баландӣ ба ҷарии то шаш метр афтодааст, аммо ӯ аз нафари мушаххас ном набурд.

Машқҳои муштараки нерӯҳои Тоҷикистону Чин 20 октябр дар ноҳияи Ишкошим шуруъ шуда, чаҳор рӯз идома хоҳад кард. 

Шояд шумо суол ё назаре доред?