Журналист Санҷар Ҳошимӣ 15 октябри соли 1990 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷекат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ӯ маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №35 ба номи Бозор Шарифови ҳамин деҳа гирифта, пас аз хатми мактаб барои идомаи таҳсил озими...
Қатли ҳамсари ҷавон бо зарби 17 корд
Интишор шуд: 23 сентября, 2016 - 11:15

Як сокини 49-солаи шаҳри Истаравшан дар куштори ҳамсари ҷавонаш муттаҳам дониста мешавад.
Бино ба иттилои Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, ин мард аз сабаби хусумати оилавӣ дар хонаи истиқоматии хешовандаш бо ҳамсари 26-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 17 маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа зани ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст.
Манбаъ мегӯяд, гумонбари ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Шояд шумо суол ё назаре доред?