Инҳоро бояд шинохт: Ниёзбоқӣ Ниёзов

Суҳбат дар бораи ҷавонмардест, ки бо сад гули орзуҳои ношукуфта, дар як рӯзи сарди тирамоҳ ва остонаи вуруди зимистон аз тири хоинону душманони миллат ба шаҳодат расид. Вай худ ба истиқболи маргаш шитофтааст, бо кори заруре аз Масчо ба шаҳри Хуҷанд рафта ва дигар барнагаштааст. На сарбоз буду на ҷангӣ, як омӯзгор ва як қаламкаш.

Ниёзов Ниёзбоқӣ Аҳмадҷонович 6-уми октябри соли 1961 дар рустои Пастиғави ноҳияи Масчо дар хонаводаи омӯзгор дида ба олам кушодааст.   Соли 1979 мактаби миёнаи № 3 ба номи В. И Ленини ҷамоати Оббурдони ноҳияи Масчоро бо баҳои аъло хатм намудааст.

Соли 1985 ба факултаи филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1990 бо ихтисоси филолог, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст.

 Миёни таҳсилаш дар Донишгоҳ хизмати аскарӣ низ кардаву то рутбаи лейтенант расидааст.  Муддате узви ҳизби демократи Тоҷикистон низ будааст.

Пас аз хатми донишгоҳ ба хонандагони мактаби миёнаи № 3 ва мактби миёнаи № 27 ба номи М. Азизов аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ва алифбои ниёгон дарс гуфтааст.

6-ноябри соли 1998 дар заминҳои пахтазори ноҳияи Спитамен аз тарафи аскарони Маҳмуд Худойбердиев бо ду тир ба пешонӣ ва дил ба қатл расонида шудааст.

Ин аст ҳолномаи басо кутоҳи як афсари мустаъфӣ, як забономӯз, омӯзгор, касе, ки даҳҳо нафарро тӯли ин солҳо аз адабиёту забон дарс омӯхт ва ҳам одоби муоширату муколама омӯхт.

Навиштае муассиртар аз ёддошти духтари марҳум- Шаҳнози Ниёзбоқиро наёфтем, ки дар матлабе ба муносибати зодрӯзи падари шаҳидаш дар саҳифаи худ дар Фейсбук кошт: “Имрӯз зодрӯзи Падари МАН аст!
Ёдам омад он субҳ. 4.11.1998 сол садои падару модарамро шунидам, ки гӯё дер мондаанду автобуси Истаравшан рафтааст. Ман аз оинаи дари хона нигоҳ карда фарёд кардам, ки «Додоҷун барои ман чӣ мебиёред!?»
Падарам чунон саресема қадам зада, ҳатто моро хайру хуш накарда гуфтанд, ки «Бачам дер мондам, ягон чӣ мебиёрамат».
Нисфирӯзӣ хабари ҷангро шунидем, ки Маҳмуд Худойбердиев ба Хуҷанд ҳуҷум кардаст. Бегоҳ шуду автобуси деҳамон аз Истаравшан омад, аммо аз Падари ман дарак набуд. Хабар расид, ки гуё Бобои Ниёзбоқиро Кӯлобӣ гуфта, гаравгон гирифтаанд, шиносномаашонро равон кунед. Аллакай ҳама роҳҳои марказӣ баста шуда буд, беҳтарин дӯстону хешовандон шиносномаро гирифта, бо роҳҳои рустӣ ба суроғи Падарам рафтанд.

 4-рӯз интизор шудем, афсӯс ҷисми беҷонашонро оғӯшта ба хоку хун дарёфт карда, ба хона овардаанд………………..
Дуо мекунам, ки хонаи охиратшон ободу руҳашон шод бошад…”

Марде аз табори аҳли фарҳанг бегуноҳ ва бидуни пурсиш барои мансубияташ ба маҳалле аз дасти душманони қотил ба ҳалокат расид. Як муаллим буду беш аз ин мансабу вазифае надошт. Рӯзноманигор ва адиби шинохта Салими Аюбзод мегӯяд: Чанде пеш буд, ҳамагон саргузашти қаламкашони шаҳидро менавиштанд ва касе аз ӯ ёд накард. Шояд барои он ки на ҳамҳамае дошту на дағдағае. Инсони шикастанафсе буд ва саршори хирад. Дунболи орзу мерафт, на аз пайи ҳавас ё нафс. Алҳақ, чунин касон ба чашм нахоҳанд хӯрд. Сухане нахоҳанд гуфт, ки баҳси пуршӯр ба дунбол дошта бошад. Ҳарчӣ гӯянд, мақбул хоҳад буд. Ҳам мақбули душман ва ҳам писанди дӯст. Вале мо одати баде дорем, ки чунин афродро набинем ва талош кунем, ки аз одамакҳо одам бисозем. Дар ҳоле ки шояд бузургтаринҳо онҳое ҳастанд, ки ҳамарӯза кори худро ба беҳтарин шева анҷом медиҳанд ва иддаои он намекунанд, ки ин кор дида, гуфта, шинохта ва пардохта шавад.

Вай кори одии худро мекард ва иддаое надошт. Касе мақолаҳои ӯро хонда бошад, ба як натиҷа мерасид, ки ҷое барои баҳс нест. Чизеро навиштааст, ки ҳаст. Худро дар байни сатрҳо донову закиву бузург намудор накардааст. Баръакс худро дар гӯшае аз мақолаи худ, дақиқтараш дар охирин сатр – имзои муаллиф ниҳон кардааст. Вассалом. Ойинае, ки танҳо мӯҳри тавлидкунандаашро дорад, на нақшунигору обуранги будаҷаб. Ончӣ дар ойина дида мешавад, чизест, ки ҳаст ва ҷое барои ихтисору илова надорад. Барои баъзеҳо – як журналисти қаторӣ. Аммо барои ман – Журналист!

Орзуҳояшро бо худ бурд. Нонавиштаҳояшро ба хок. Кӯтоҳ навишт, аммо абадӣ. Худовандгона ҳарфи Худоро навишт. Манам, ки рӯйи сафҳаро бо қалами шикаста кӯдаквор мехарошам. Қалами ӯ алами болобаландест дар сари қабраш. Вай чизҳоеро, ки менавишт, бо марги худ исбот кард. Ман менависам, аммо далел надорам”.

Устоди Донишгоҳи миллӣ Сангин Гулов, ки Ниёзбоқиро хуб мешинохт, мегӯяд: “Дар бораи Ниезбоқии азиз ҳар қадаре суханони нек гӯем кам аст. ... Ҷавонмарди асилу дӯсти содиқ. инсони ҳалиму меҳрубон ва самимӣ. Чунин шинохте аз ин бародари азизам дорам. Имрӯз фарзандонаш номбардори падар гаштаанд. Зеро модари азизашон, ҳамсари Ниезбоқии шаҳид фарзандонро бо заҳмат ба воя расонд. Шамъи хотираи Ниёзбоқии азизро ҳамсари меҳрубонаш, ки бароям ҳаққи хоҳарӣ дорад, хамеша пос доштааст”.

Асосан ҳамин аст. Умраш басо кутоҳ буд, вале хотирадор. Дар ёди наздикону дӯстон ва пайвандону ҳамдиёрон ва ҳамаи касоне, ки ӯро мешинохтанд, бо ҳама хислатҳои неки инсонӣ боқӣ мондааст. Кам воқеъ мешавад, ки аз як умри мисли барқ кутоҳ ин қадар хотира дар ёди ҳамзамононаш монад. Пас Ниёзбоқӣ расолати инсонии худро адо кардааст. Нек омад ва нек рафт. Ин аст иззати як инсони оддӣ...

Назарҳо

Мард буд! Марди хакики! Точики асил! Мард намирад ба марг, Марг аз у ном чуст, Ном чу човид шуд, Мурданаш осон кучост? Ёдаш ба хайр!

Шояд шумо суол ё назаре доред?