Гумонбар дар қатли сокини Хоруғ ба ҳабс гирифта шуд

Орзу Бойназаров, сокини шаҳри Хоруғ ва гумонбар дар қатли Фирӯз Одинашоеви 33-сола аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт шудааст.

Бино ба иттилои Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД, 13-уми октябр Орзу Бойназаров дар пайи як амалиёти ҷустуҷӯии мақомоти интизомӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст.

Орзу Бойназаров бо он гумонбар дониста мешавад, ки 9-уми октябр дар як муноқиша дар шаҳри Хоруғ Одинашоевро ба қатл расондааст.

Тирпарронӣ дар шаҳри Хоруғ, ки мунҷар ба ҳалокати як нафар гардид, баъд аз зуҳри 9-уми октябр  миёни ду гуруҳи сокинон аз маҳаллаҳои “Шошхоруғ” ва “Болнисен” сурат гирифта буд. Ҳарчанд то ҳол расман дар бораи сар задани сабабҳои муноқиша мақомот изҳори назар накардаанд, аммо расонаҳо мегӯянд, муноқиша бар сари маблағ сар задааст.

 

Шояд шумо суол ё назаре доред?