Эҳтимоли аз пой маҳрум шудани Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода

Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, собиқ сардабири нашрияи «Наҷот»-и ҳизби мамнуъшудаи Наҳзати исломии Тоҷикистон фавран ба ҷарроҳии пой ниёз дорад. Дар сурати анҷом надодани ин ҷарроҳӣ эҳтимол аз як пой маҳрум гардад.
Як манбаъ аз муассисаҳои ислоҳии иҷрои ҷазои Вазорати адлия ба Тоҷнюс гуфт, ки аз сабаби ҳаракат накардан, пойҳояш варам кардааст. «Дар маҳбас шароити беморхонаҳо мавҷуд нест, ки ба бемор расидагӣ сурат гирад. Аз сабаби камҳаркатӣ ва хун гардиш накардан пойҳо сахт шудаанд ва ниёз ба ҷарроҳии фаврӣ дорад. Қаблан ҳам бемор будааст. Набзаш ҳам паст буд, ҳоло ба эътидол омадааст. Имунинтеташ пас аст. Мавриди назорати табиб бунгоҳи тиббӣ аст ва дорў истеъмол мекунад. Ба наздикӣ аз боздоштгоҳи мувақатии КДАМ ба маҳбас интиқол шуд. Вақте саломатиаш вазнин шуд. Агар ҷарроҳӣ нагардад, варами пойҳояш ба дигар аъзои баданш сироят мекунад. Организм ҷавон нест, ки ба ин беморӣ мубориза барад»- гуфт манбаъ.
Ҳафтаи гузашта пойгоҳҳои хабарии мухолифин тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз вазъи саломатии Сайфуллоҳзода дар СИЗОи КДАМ изҳори нигаронӣ карда буданд. Созмони ҷаҳонии Гузоришгарони бидуни марз низ оид ба вазъи саломатии ин журналист изҳорот дода, давлати Тоҷикистонро ба мадоро кардан бо боздоштшудаҳо даъват кард.
Дар ҳоле, ки вазъи саломатии собиқ сардабири нашрияи «Наҷот» вазнин арзёбӣ мешавад, ҳамсари ў дар суҳбат ба расонаҳо бемории ўро рад кардааст.
Ду рӯз пеш яке аз дигар маҳкумшудаҳои ин ҳизб, Қурбон Манонов, 74-сола, ки ба ҳайси раиси ҲНИ дар шаҳри Норак боздошт шуда буд ва 10 сол ҳукм гирифт, дар маҳбас фавтид.
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?