Даъвати адвокатони тоҷик ба корпартоӣ ба дастгирӣ аз Шуҳрат Қудратов

- Ҳукми 9-солаи зиндон барои адвокат Шуҳрат Қудратов, - ҳукм нисбати тамоми адвокатҳои тоҷик аст, барои тарсонидани онҳост, ки набояд аз ҳуқуқи мардуми оддӣ дифоъ кунанд.
Ин баҳои Файзинисо Воҳидова, адвокати маъруф аст, ки баъди хабари ба 9 соли зиндон маҳкум шудани ҳамкасбаш дар расонаҳо, дар саҳифаи фейсбукияш навишт.
Файзинисо Воҳидова гуфтааст: “Ин ҳукм ҳушдор аз он аст, ки дар ин кишвар танҳо чиновникҳо ҳуқуқ ба озодӣ ва зиндагии осоишта доранд...
Ин ҳукм нисбати Шуҳрат Қудратов не, бал ки алайҳи ҳар як фарди зиндадил, рӯшанфикр ва патриоти кишвар аст.
Ин ҳукм нисбати ҳар як адвокат мебошад, ки минбаъд бояд танҳо аз ҳуқуқи шахсони доро ҳимоят кунад.
Ин ҳукм хушдор аз он аст, ки додгоҳ дар Тоҷикистон барои раисон, кабирон, чиновникҳо, барои як қабила, як оила, як минтақа созмон дода шудааст ва қишри пастмондаи сорти сеюм даъвои адолати додгоҳӣ накунанд".
Адвокати маъруф аз корпартоӣ ба нишони эътироз ба ҳукми ноодилонаи Суди шаҳри Душанбе хабар дода, гуфтааст аз имрӯз 14-уми январ ба кор намебарояд.
Вай куллии адвокатҳои тоҷикро ба эътироз ва корпартоӣ ва ҳатто ба роҳпаймоӣ даъват кардааст: “Ҳар як адвокате, ки пеш аз ҳама худро эҳтиром мекунад, узви ин ҷомеъа, шаҳрванди комилҳуқуқи ин кишвар меҳисобад, бояд корпартоӣ намояд. Эътироз кунад, аз Шуҳрат ҳимоят кунад, ба роҳпаймоӣ даст занад”.
- Аз гуруснагӣ намемиранд ва шумо низ намемиред. Агар шаъну шараф ва номус доред, аз фаъолияти касбӣ даст кашед!
Бубинем, ки мақомоти тафтишотӣ, додгоҳ бе иштироки адвокат имкони баррасии парвандаҳоро доранд, е не? Агар як қатра номус доред, адвокатҳои тоҷик, бояд ба корпартоӣ даст занед! Ман аз пагоҳ ба кор намебароям. Бубинем, ки адвокатҳои тоҷик то чӣ андоза нангу номус доранд!”, -навишт Файзинисо Воҳидова.
13-уми январ Шуҳрат Қудратов, адвокати боздоштшуда бо ҳукми Суди шаҳри Душанбе ба 9 соли зиндон маҳкум шуд. Судя бо дастрасӣ ба моддаҳои 247- қаллобӣ, 320-пешниҳоди пора ва 36-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон- барои таҳрик ба ҷиноят адвокати Зайд Саидовро барои 14 сол равонаи зиндон кард.
Тибқи қонуни авф ва ҷиҳатҳои сабуккунандаи ҷазо, суд аз 8 соли ҳукм барои қаллобӣ ва 6 сол барои пешниҳоди пораву таҳрик ба ҷиноят, 6 солро кам кард.
Copyright © 2015 TojNews
Назарҳо
Шояд шумо суол ё назаре доред?