Журналист Санҷар Ҳошимӣ 15 октябри соли 1990 дар деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷекат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Ӯ маълумоти ибтидоиро дар мактаби миёнаи №35 ба номи Бозор Шарифови ҳамин деҳа гирифта, пас аз хатми мактаб барои идомаи таҳсил озими...
БМТ: Сатҳи таваррум дар ҳашт моҳ ба 4,5 фоиз расид
Интишор шуд: 29 сентября, 2016 - 16:02
Бонки миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки сатҳи таваррум дар интиҳои моҳи августи соли ҷорӣ 0,8%-ро нишон дод.
Ба ҳисоби масъулини Бонки миллӣ, нишондиҳандаи мазкур аз оғози сол 4,5% ва дар зарфи 12 моҳи охир 4,8 фоизро ташкил дод.
Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги сиёсати пулию қарзӣ бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 15-уми июли соли равон 11,0 фоизи солона муқаррар карда шудааст.
Шояд шумо суол ё назаре доред?