Ҷомеа

Рустами Эмомалӣ ва Озода Раҳмон ба доди муаллифи барномаи "Шаҳр, шаҳриён, шаҳриёрон” нарасидаанд

Аз номаи бози журналист Мавҷигул Иблоева бармеояд, ки мири шаҳр Рустами Эмомалӣ се бор арзи ӯро нодида гирифта, роҳбари Дастгоҳи иҷроия Озода Раҳмон низ ба додаш нарасидааст, аммо журналист аз падари онҳо президент Эмомалӣ Раҳмон умед дорад. 

Ба Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ

аз номи истиқоматкунандаи кӯчаи Ҳ.Шерозӣ 17/ 2 х. 34, журналисти Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе” Мавҷигул Иблоева

НОМАИ БОЗ

Таджикский

Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»: Барномаи “Ҳифзи Озодии баён дар Тоҷикистон” кор надод (9)

7 ноябри соли 2016  аз ҷониби ҶМ «ИНДЕМ»  лоиҳаи «Нақшаи роҳ оид ба ҳифзи Озодии баён дар Тоҷикистон» тартиб дода шуд. 

Ин нақша ба се ташкилоти журналистӣ: Шӯрои ВАО (Хуршед Ниезов), Созмони «Хома» (Шаҳло Акобирова) ва НАНСМИТ (Нуриддин Қаршибоев) ва  16 нафар журналистон, ҳамчунин ба чанд ташкилотҳои байналмилалии журналистӣ фиристода шуд.  Ин Нақшаи роҳ чунин таркиб дошт:

Таджикский

Ёди 73 рӯзноманигори шаҳиди тоҷик гиромӣ бод! (Арҷгузории ном ба ном)

Хушвахтшо Муборакшоев, декабри 1992

Ҷамшед Давлатмамадов,25 декабри 1992

Филолишо Хилватшоев,декабри 1992

Мухтор Буғдизода, 25 декабри 1992

Таваккали Файзулло, 17 ноябри 1992

Тӯраҷони Қобил, июни 1992

Олими Заробек, 7 майи 1992

Ширинҷон Амирҷон,16 майи 1992

Муродуллоҳ Шерализода, 5 майи 1992

Аркадий Рудерман, 1 сентябри 1992

Табаралӣ Сайдуллоев, 21 октябри 1993

Олимҷон Ёрасенов, июн ё июли 1993

Пирумқул Сатторӣ, 28 майи 1993

Зуҳуриддин Суярӣ, 1 марти 1993

Таджикский

Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»: баҳси Дмитрий Рогозин ва духтарҳои мактабхони тоҷик (7)

Аз рӯи ишораҳо дар саҳифаҳои нашрия ба прокурор ҳамчунин мақолаи танқидии “Нигоҳ” оид ба протоколи вохӯрии муовини сарвазири Русия Дмитрий Рогозин дар Душанбе бо номи «Душизаҳо барои  миллатгарои рус» сахт писанд наомадааст.  

Ҳарчанд ин  мавзуъ ҳанӯз моҳи майи соли 2016 дар мулоқоти пӯшидаи муассиси  «Нигох» Саймуддин Дустов бо хоҳиши  Прокурори генералӣ  Юсуф Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.

Таджикский

Тахтаи сиёҳ: “Диссернет” нахустин “рисолатарош”-и тоҷикро фош кард

Пойгоҳи ҷамъиятӣ Розиқов Воҳид Абдуқаҳоровичро  “рисолатарош” дониста, “изи” ӯро дар ҳафт рисолаи асардуздон ташхис додааст.

 “Диссернет”, ки асоси фаъолияташро ташхиси  рисола ва корҳои илмӣ ташкил медиҳад, дар тӯли як моҳи охир то 30 олими тоҷикро дар асардуздӣ мутаҳҳам кард. Аз натиҷаҳои ташхиси ин пойгоҳ бармеояд, ки роҳбари илмӣ ва муқарризи аксари рисолаҳои ин “олимон” – ро афроди муайян бар дӯш доштаанд.

Таджикский

Бозор Собир дар ҳамоиши эътирозии ҷанговарон (Ёддошти як журналист)

Дақиқ гуфта наметавонам, ки соли 1990 буд ё 1991. Бозор Собир он вақт депутати Шӯрои Олӣ буданду мо донишҷӯ. Дар як ҷаласаи Шӯрои Олӣ, устод пешниҳод карданд, ки "унвонҳои ҷанговарони ҷанги Афғонистон бекор карда шаванд. Зеро мо дар Афғонистон дар муқобили ҳаммилатони худ ҷангидем ва ин наметавонад қаҳрамонӣ бошад. Баъдан мо бо хоҳиши худ ба Афғонистон барои ҷанг нарафтаем, моро Шӯравӣ маҷбуран бурд ва дар муқобили ҳамзабонони мо ба ҷанг ворид кард".

Таджикский

Хабарнигорони бидуни марз: расонаҳои Тоҷикистон гирифтори “тамоюли хатарнок” шудаанд

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” дар охирин арзёбии шохиси озодии баён дар ҷаҳон Press Freedom Index 2018 вазъи расонаҳо дар Тоҷикистонро гирифтор ба “тамоюли хатарнок” донистааст.

Дар гузориши тозаи ин созмон, ки чанде пеш дар Порис муаррифӣ шуд, дар миёни 180 кишвари дунё Тоҷикистон дар мақоми 149-ум қарор дорад. Ба бовари коршиносони ин созмон, вазъи озодии баён дар Тоҷикистон аз соли қабл ҳеч тағйире надоштааст, яъне ҳамоно аз бадтаринҳост.

Таджикский

Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»: Шурои ВАО ҳолати нақзи меъёрҳои алоқӣ дар мақолаҳоро наёфт (3)

Рӯзҳои 22 ва 23 октбяр ҳайати эҷодии “Нигоҳ” интизор буданд, ки барои баррасии масъала ба Вазорати фарҳанг ё ниҳодҳои дигар даъват мешаванд, аммо чунин нашуд. Кӯшишҳои мо барои ташхис додани суфоришгари аслӣ натиҷа надоданд.

Таджикский

«Баррасии озод”: Таблиғот даҳшат аст (Акс)

Рӯзноманигори маъруфи тоҷикистонӣ, профессор Олег-Сандро Панфилов бо ин аксҳо то куҷо фаҳшу нораво будани таблиғотро фош мекунад. Худ бингареду қазоват кунед:

  1. Пиёдагардони баҳрии амрикоӣ дар ҷазираи Иводзима, соли 1945
  2. Ҳайати дивизиони баҳрии амрикоӣ дар Окинаво, соли 1945
  3. Пиёдагарди баҳрии амрикоӣ бо карабини М1 дар ҷазираҳои Марион, соли 1944
  4. Ҳарбиёни олмонӣ дар кобини бомбафкани Ju-88
Таджикский

“12 соати Озодии баён барои Тоҷикистон”

Хонандаи гиромӣ!
Бо дуруд ва меҳр хидмати шумо арз кунем, ки пойгоҳи Тоҷнюс тасмим гирифт баъд аз таътили иҷбории 18 –моҳа дубора дар хидмати мардум бошад.
Маҳз дар ҳамин рӯз, санаи 3 юми май-Рӯзи ҷаҳонии Озодии матбуот. Бо роҳандозии як тарҳ, ки шояд дар таърихи журнализми Тоҷикистон назир надорад, мо мехоҳем:

Таджикский

Страницы

Подписка на RSS - Ҷомеа