Ҷомеа

Аз 1-уми октябр нархи оби нӯшокӣ дар пойтахт 20% боло хоҳад рафт

Аз 1-уми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе нархи истифодаи оби нушокӣ барои аҳолӣ ва корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 20 дарсад боло бурда мешавад.  

Бино ба иттилои Корхонаи “Обу корези Душанбе”, ҳоло сокинони пойтахт барои 1 метри мукааб оби нӯшокӣ 52 дирам пардохт мекунанд. Бо изофаи 20% ба ин нарх 9 дирами дигар зам хоҳад шуд.

Таджикский

Ҳалокати писарбачаҳои 12-сола бар асари сонеҳаи нақлиётӣ дар Қурғонтеппа ва Ваҳдат

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд дирӯз 16-уми сентяб бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар шаҳри Қурғонтеппа ва ноҳияи Ваҳдат ду писарбачаи 12-сола ба ҳалокат расидаанд.

Таджикский

ВКД мегӯяд пирони 77 ва 86-солаи душанбегиро набераи 23-солаашон қатл кардааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷавони 23-сола Н.Ю, сокини шаҳри Душанберо ба қатли бобову бибиаш-пирамарди 86-сола ва пиразани 77-сола муттаҳам мекунад.

Таджикский

Ҳамкориҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ мусбат арзёбӣ шуд

Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Паоло Маттей, Намояндаи тозатаъини Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ зимни як мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳо ва татбиқи минбаъдаи тарҳҳои муштарак, вокуниш ба офатҳо, ҳамкориҳо оид ба иттилоърасонӣ ва  ҳушдор ба мардум дар мавриди хатарҳо ва таҳдидҳо, омодасозӣ ва бозомӯзии кормандон, расонидани кӯмакҳои техникиро баррасӣ карданд.

Таджикский

Оғози тамрини ҳарбии муштараки Тоҷикистону Русия дар Лоҳур

Ҳарбиёни рус бо ҳамтоёни тоҷики худ ба тамрини нави муштарак оғоз кардаанд, ки “Омӯзишҳои токтикӣ дар маҳал бо тирпарронӣ дар размоишгоҳи куҳии Лоҳур” унвон мешавад.

Дар ин бора имрӯз аз Округи ҳарбии Марказии Русия ба хабаргузориҳо иттилоъ доданд.

 Воҳидҳои гуруҳи токтикии пойгоҳи ҳарбии 201 Русия субҳи имрӯз, 13 –уми сентябр бо бонги хатар ба по хестанд ва бо техникаи ҳарбӣ то ноҳияи баргузории машқҳо расиданд. Муддати як ҳафтаи оянда сарбозон, сержантҳо ва афсарон дар ин размоишгоҳ як силсила барномаҳои машқиро иҷро хоҳанд кард. 

Таджикский

Боздошти гуруҳи ғоратгарони мусаллаҳ дар Қурғонтеппа

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти гуруҳе хабар дод, ки бо истифода аз  силоҳи оташфишон ва асбобҳои халандаву бурранда даст ба ғорати амволи мардум мезад.

Таджикский

Таъсиси аввалин медалҳои журналистӣ дар Тоҷикистон

Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон эълон кард, ки барои рушди матбуот ва маҳорати касбии рӯзноманигорон медали ба номи “Акбари Саттор” ва “Овози тоҷик”-ро таъсис додааст.

Дар рӯи медали “Акбари Саттор” акси раҳбари собиқи Иттиҳоди журналистон мунъакис шудааст. Акбари Саттор, рӯзноманигори баноми тоҷик, муассиси иттиҳодияи “Чархи гардун” зарфи ин даҳ соли охир Иттиҳоди журналистони кишварро сарварӣ мекард. Соле пеш дар синни 50-солагӣ оламро тарк кард. 

Таджикский

Инҳоро бояд шинохт: профессор Иброҳим Усмонов

Муаррих ва рӯзноманигори тоҷик. Шахсе, ки дар ин ду касб муваффақ будааст. Муддате кори сиёсӣ ҳам кардааст, вазир ҳам будаасту раиси кумита низ. Вале маъруфияташ чун устоди журналистон бештар аст. 

Таджикский

Саховати дигари ғолиби озмуни “Сабқати фолбинҳо”

Ғолиби озмуни “Сабқати фолбинҳо”-и ширкати телевизионии ТНТ-и Русия Турсуной Зокирова ба муассисаҳои тиббии вилояти Суғд навтарин таҷҳизоти тиббиро ба арзиши 216 ҳазор сомонӣ тақдим кардааст.

Ин таҷҳизот қарор аст байни ҳафт муассисаи тиббии шаҳрҳои Гулистон, Бобоҷон Ғафуров ва бемористонҳои шаҳри Хуҷанд тақсим карда шавад.

Таджикский

Оилаи Саъдуллоевҳо беҳтарин эълон шуд

Дар шаҳри Душанбе ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  барои беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ эълон шуданд.

Бино ба иттилои расмӣ,  дар ҷамбасти  ин мусобиқа 35 нафар ғолибон бо Шоҳҷоизаи “Ҷоми Ҷамшед”, Шоҳҷоизаи “Ҷоми Истиқлолият”, нишонҳои хотиравӣ, шаҳодатномаҳо ва мукофотҳои пулӣ  сарфароз гардонида шуданд.

Таджикский

Страницы

Подписка на RSS - Ҷомеа