Ҷомеа

Оғози татбиқи лоиҳаи нави ИМА барои мубориза бо СПИД

Ҳукумати ИМА татбиқи лоиҳаи нав зидди вируси норасоии масъунияти бадан (СПИД)-ро дар Осиёи Марказӣ эълон кард.

Бино ба иттилои Сафорати ИМА дар Душанбе, лоиҳаи нав тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар муддати 5 соли оянда амалӣ карда мешавад.

Таджикский

Қатли ҳамсари ҷавон бо зарби 17 корд

Як сокини 49-солаи шаҳри Истаравшан дар куштори ҳамсари ҷавонаш муттаҳам дониста мешавад.

Бино ба иттилои Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд,  ин мард аз сабаби хусумати оилавӣ дар хонаи истиқоматии хешовандаш бо  ҳамсари 26-солааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 17 маротиба ба узвҳои баданаш задааст.

Дар натиҷа зани ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини  ҷисмонӣ ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ мегӯяд, гумонбари ҷинояти куштор аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад. 

 

Таджикский

Озмуни ВКД барои пайдо кардани "Хабарнигори фаврӣ"

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи худ гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ»-ро таъсис дода, аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз ҷойи ҳодиса ба онҳо навор фиристанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД,  шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

Таджикский

Оғози парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба садамаи Фаромӯз Саидов

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба садамаи автомобилӣ бо иштироки Фаромӯз Саидов, писари Муовини аввали Сарвазир бо моддаи 212-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардааст.

Бино ба иттилои Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД, дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи моддаи 212-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, (Вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ва истифодаи васоили нақлиёт) парванда боз шуда, Прокуратураи генералӣ тафтиши онро пеш мебарад.

Тибқи моддаи 212 гунаҳкор дар сурати исботи гуноҳаш ҷарима месупорад ва ё 10 сол зиндонӣ мешавад.

Таджикский

Баъди шикоят ба Юсуф Раҳмон милисаи ҳақоратчӣ ёфта, муҷозот шуд (Видео)

Отамурод Каримов, нозири шуъбаи милиса оид ба масъалаҳои экологии Раёсати ВКД дар Душанбе пас аз шикояти Эътилофи зидди шиканҷа, барои таҳқир ва латукӯби шаҳрвандон аз вазифааш сабукдӯш шудааст.

Дар ин бора аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба  Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ посухи расмӣ омадааст. 

Навори таҳқиру латукӯби шаҳрвандони аз ҷониби нозири милиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуда, баъдан Эътилофи мазкур онро барои таҳқиқ ва чораҷӯӣ нисбати милисаи қонуншикан ба Прокуратураи генералӣ бо ариза ирсол кард.    

Таджикский

Вазорати корҳои дохилӣ дар Румӣ ва Данғара говдуздиро ошкор кард

Як сокини 24-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба иттиҳоми говдуздӣ боздошт шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон номбурда ба дуздии чорвои сокини 63-солаи ҳамин ноҳия муттаҳам мешавад.

Манбаъ мегӯяд ду гови ин мард рӯзи 19-уми сентябр гум шудакаст ва гуфтааст, ки арзиши онҳо баробар ба 5000 сомонӣ буд.

Ҳангоми боздошт аз гумонбар 2000 сомонӣ чун далели шайъӣ мусодира шудааст.

Тибқи хабари дигар ҷавони 21-сола, сокини ноҳияи Данғара ба гумони дуздии гови сокини 65-солаи ҳамин ноҳия боздошт шудааст.

Таджикский

Ҷавоби Вазорати маорифи Тоҷикистон ба Дмитрий Медведев

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бо пахши як изҳорот ба гуфтаҳои Дмитрий Медведев, сарвазири Русия дар бораи зиёд будани дифои рисолаҳои илмӣ дар Тоҷикистон посух додааст.

1-уми сентябр Дмитрий Медведев, сарвазири Русия, аз теъдоди зиёди номзадҳо ва докторҳои илм дар Тоҷикистон тааҷҷуб карда гуфта буд, бояд ин рақамҳо санҷида шаванд. Медведев таъкид карда буд, ки  танҳо дар соли гузашта дар Донишгоҳи миллӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 80 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя шудааст

Таджикский

ВИДЕО: Корманди латукӯбшудаи “Тоҷиксодиротбонк” ба кораш баргашт

Абдулмуъмин О. корманди 63-солаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, ки аз ҷониби раиси муваққати бонки мазкур мавриди латукӯб қарор гирифта, дар беморхона бистарӣ шуда буд, ба кори худ баргашта, мегӯяд, тасмим дорад, то ба нафақа баромаданаш ин ҷо фаъолият хоҳад кард.

Бино ба гуфтаи Абдулмуъмин О., роҳбарияти муваққати бонк нисбати ӯ ягон даъво надоранд, аммо аз ӯ дархост кардаанд, аз аризаи  шикоятияш ба кумитаи амнияти миллӣ, ки аз болои Мирҳаёт Ёқубов, раиси муваққати бонк барои латукӯб ва ҳабси худсарона навишта буд, даст бикашад.

Таджикский

Ғоратгари сокини Кӯлоб аз мағоза ва қаҳвахона

Як сокини 31-солаи шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми дуздӣ аз дохили мағоза ва қаҳвахона боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд,  ин нафар шаби 2-юм ба 3-юми августи соли равон аз мағозаи “Баҳор” ду адад телевизори тамғаи “LG”, ки арзиши умумиашон 5200-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Таджикский

Модари Фаромуз мегӯяд, писараш вақти садама сархуш набудааст

Фаромуз Саидов, писари Давлаталӣ Саидов, ноиби сарвазири Тоҷикистон бо осеби шадиди сар, ки дар садамаи шаби 10-уми сентябр бардоштааст, дар шуъбаи ҷарроҳии асаби Қаряи боло бистарӣ аст.

Бино ба гуфтаи модараш Фаромуз вазъи начандон хуб дорад ва дар тӯли бистарӣ шуданаш гоҳ ба ҳуш меояду гоҳ беҳуш аст.

Таджикский

Страницы

Подписка на RSS - Ҷомеа