Ҷомеа

Кордкашии хонандагони мактаб дар Душанбе

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 4 хонандаи синфи 11-и яке аз муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахтро бо иттиҳоми авбошӣ боздошт кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи ВКД, 27-уми октябри соли равон номбурдагон, дар ин рӯз, тахминан соати 10:30-дақиқа, дар дохили мактаби миёна, аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, ҳамдигарро лату кӯб карда, яке аз онҳо бо корди дар дасташ буда, 2-маротиба ба пойи хонандаи дигар задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

Таджикский

Дар Душанбе як ҳафтаи бебориш ва ҳавои гарм пешбинӣ шудааст

Душанбе то охири ҳафта ҳавои тағйирёбандаи бебориш боқӣ монда, гармии ҳаво ба 24 дараҷа мерасад.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии кишвар, имрӯз 28-уми октябр дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати то 2 — 7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво шабона аз 4 то 6 дараҷа ва рӯзона аз 21 то 23 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Бадахшон ҳавои абрнок пешгӯйӣ гардидааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад.

Таджикский

Сокини Файзобод дар оташ задани хусураш гумонбар дониста мешавад

Як сокини 31-солаи ноҳияи Файзобод дар ҳолати мастӣ хонаи хусурашро оташ задааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД,  ин мард 26-уми октябри соли равон, тахминан соатҳои 14:30-дақиқа, дар ҳолати мастӣ, бинобар сабаби муноқишаи ба миён омада хонаи хусурашро оташ задааст.

Ба гуфтаи манбаъ, маблағи умумии зарари расонидашуда 16350-сомониро ташкил медиҳад.

Дар ВКД мегӯянд, иид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.

 

Таджикский

Дар Тоҷикистон филми муштараки тоҷикиву ҳиндӣ сабт мешавад

Коргардон Шарофат Арабова қиссаи фарзандфурӯшии як зани ҷавони тоҷикро бо номи Парвона дар меҳвари сужаи филми нави худ қарор додааст.

Таджикский

Муттаҳам дар қатли сарбози рус ба 20 соли зиндон маҳкум шуд

Аҳлиддин Машрабов, сокини шаҳри Қурғонтеппа, ки дар куштори сарбози пойгоҳи 201-и Русия муттаҳам дониста мешуд, ба 20 соли ҳабс маҳкум шуд.

Додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми Аҳлиддин Машрабовро дирӯз 24-уми октябр содир кард. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Машрабов 22 соли зиндон талаб карда буд.

Нисбати Аҳлиддин Машрабов, бар асоси ду моддаи Кодекси Ҷиноии Тоҷикистон , яъне моддаи 104 - куштор ва 237 - авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд.

Таджикский

Пешгирӣ аз қочоқи 15 кг маводи мухаддир дар марз бо Афғонистон

Дар маз бо Афғонистон мақомотиамниятии Тоҷикистон ба задухӯрди мусаллаҳона бо гуруҳи номаълуми афғон, ки ба қочоқи маводи миухаддир машғул буданд, рӯ ба рӯ шудаанд.

Бино ба расмӣ, 22-юми октябри соли равон кормандони раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Панҷ» дар минтақаи тобеи дидбонгоҳи сарҳадии «Сипар»-и Отряди сарҳадии «Панҷ», убури ғайриқонунӣ ва интиқоли маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд.

Таджикский

Дар кори хайр саҳм бигир: Консерти хайриявии “Мадонна” дар Душанбе

29-уми октябр дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон  консерти ҳунарманд Муҳаммад Холов, маъруф ба “Мадонна” баргузор мешавад.

Ташкилкунандагони консерт мегӯянд, маблағи мазкур барои табобати “Мадонна” сарф мешавад.

Таджикский

Як қадами дигар барои иҷрои нақшаи даъват дар Бадахшон

Дар давоми беш аз 23 рӯзи маъракаи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 76%-и нақшаи даъват иҷро шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиа, дар даъвати наваскарон ҳамоно Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон  пешсаф буда, шаҳри Душанбе дар охир қарор доранд.

Таджикский

Билети ҳарбии қалбакӣ бар ивази 3 ҳазор сомонӣ

Як корманди мизи ҳарбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи ВКД, ин нозири 43-сола барои додани билети ҳарбии қалбакӣ аз як зани дигар 3 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.

-Гумонбаршуда, санаи 19-уми октябри соли 2016, аз зани 47-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ барои додани билети ҳарбии қалбакӣ ба писари 21-солааш маблағи 3000-сомониро ба сифати пора талаб карда гирифтааст. Далели шайъӣ гирифта шуд,-мегӯяд манбаъ.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Таджикский

Вазорати мудофиа дар 20 рӯзи даъват ягон шикоят нагирифтааст

Дар давоми беш аз 20 рӯзи маъракаи даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ беш аз 70%-и нақшаи даъват иҷро шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати мудофиа, дар даъвати наваскарон ҳамоно Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон  пешсаф буда, шаҳри Душанбе дар охир қарор доранд.

Таджикский

Страницы

Подписка на RSS - Ҷомеа