Ҷомеа

Нигаронии журналистони тоҷик аз тағйирот дар Кодекси ҷиноятӣ

Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноӣ ворид шудани банди “таҳқиру туҳмат ба Пешвои миллат” ва таъйини ҷазоро барои он эҷоди маҳдудият дар самти озодии баёни кишвар хондаанд.

Банди нави Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои таҳқиру туҳмат ба Пешвои миллат, бахусус тавассути матбуот ё шабакаи интернет то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Таджикский

Тақаллубкории бонувони соҳибкор дар ВМКБ

Дар Вилояти Бадахшон  ҳолатҳои истифодаи  ғайримақсадноки маблағҳои грантӣ ба қайд гирифта шудааст. Масъулин мегӯянд, соҳибкорзанони маҳаллӣ  то 40 ҳазор сомонӣ бо ваъдаи бунёди боғ ва рушди соҳаи чорводорӣ  гирифтаанд, аммо ягон иқдом накардаанд.

Таджикский

Баста шудани 9 макони ташвиқи занон ба танфурӯшӣ

Зарфи нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 9 макони ташвиқи занон ба танфурушӣ ошкор ва баста шудааст.

Масъулин мегӯянд, ин марказҳо дар пайи санҷишҳои Кумитаи кор бо занон ва оила ва мақомоти корҳои дохилӣ ошкор шудаанд.

Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оила,”бархе маконҳои ташвиқи танфурушӣ ё вақтхушгузаронӣ ки хилофи арзишҳои ахлоқи динӣ ва милли мост аз тарафи бархе кормандони  мақомот «криша» доранд.”

Таджикский

Суғд: Зани 34-сола баъди озод шудан боз даст ба ҷиноят зад

Як зани 34-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони дуздидани хӯрокворӣ аз бозори “Афросиёб” боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ин зан қаблан низ бо иттиҳоми дуздӣ зиндонӣ шуда буд.

“Гумонбаршуда, рӯзи 22-юми октябри соли равон, тахминан соати 12:00-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи марди 41-солаи сокини ноҳияи Б. Ғафуров, воқеъ дар бозори “Афросиёб”-и шаҳри Хуҷанд ворид шуда, аз он ҷо маҳсулотҳои гуногуни хӯрокворӣ, ҷамъ ба маблағи 1700-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.”

Таджикский

Ҷаримаи як сокини Нуробод барои додани “ҳоҷиошӣ”

Суди ноҳияи Нуробод як сокини ин ноҳияро барои додани “ҳоҷиошӣ” гунаҳкор дониста, ӯро 4 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаст.

Суд муайян намудааст, ки Туйчӣ Эшонов дар дохили манзили истиқоматиаш ба хотири баргаштани падараш Бегмаҳмад Эшонов аз зиёрати Хонаи Худо (Ҳаҷ) барои тақрибан 150-200 нафар меҳмонон дар як деги калон хӯрок (шӯрбо) омода кардааст.

“Инчунин дар ду ҳуҷра дастархон ороста, дар гирди онҳо тақрибан 15-20 нафарӣ машғули тановули хӯрок будаанд.”

Таджикский

ВИДЕО: Ҳабси 9 журналисти нашрияи «Ҷумҳурият»

Додгоҳи Истамбул карори ҳабси 9 тан аз 13 журналисти рӯзномаи мухолифи ҳукумат – «Ҷумҳурият»-ро, ки рӯзи душанбе боздошт шуда буданд, содир кард.

Ба иттилои Евронюс, миёни онҳое, ки ҳукми додгоҳро дар ҳабс интизор хоҳанд шуд, сармуҳаррир Мурод Собунҷу ва хабарнигорони машҳури нашрия, аз ҷумла публисист Кадри Гурсел ва рассом Мусо Карта низ ҳастанд.

Чор рӯзноманигори дигар бо додани забонхат ҷиҳати тарк накардани кишвар озод шудаанд.

Таджикский

Нигаронии ҷомеаи журналистӣ аз қатъи фаъолияти “Нигоҳ”

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон аз қатъи ҳафтаномаи ҷамъиятӣ-сиёсии “Нигоҳ” изҳори нигаронӣ кардаанд. 

Ин ду созмони журналистӣ бо пахши як изҳорот, гуфтаанд, бо қатъи фаъолияти “Нигоҳ” аз майдони иттилоотӣ фазои гуногунандешӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон тангтар мешавад.

Таджикский

Боду борони шадид ба хоҷагиҳои вилояти Суғд зарар расонд

Шамоли сахт ва боронҳои шадид, ки ахиран аз вуқуъи он Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сокинонро ҳушдор дода буд, муҷиби хисорати калон шуд.

Бино ба иттилои Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар баъзе манотиқи кишвар, аз ҷумла дар бахше аз минтақаҳои вилояти Суғд интиқоли неруи барқ ба мушкил рӯ ба рӯ гардид, сақфи хонаҳои сокинонро шамол барканд.

Таджикский

Нигаронии Вазорати тандурустӣ аз хуруҷи вируси «А»

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз сатҳи бемории вируси гепатити «А» намуди бемории зардпарвин дар кишвар ва  беморон аз қиматии доруҳо изҳори нигаронӣ мекунад.

Ба гуфтаи Наврўз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нигаронии вазорат аз муносибати аҳолӣ ба ин беморӣ аст, ки беаҳмиятӣ зоҳир мекунанд.

Таджикский

Даргузашти рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик

Раҳими Рафеъзод, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик дар 58-солагӣ аз олам даргузашт. 

Ба гуфтаи наздикони марҳум, чанд вақти ахир ӯ аз бемории қалб ранҷ мекашид. Ним сол қабл Раҳими Рафеъзод дар Ҳиндустон ҷарроҳӣ шуда буд, аммо ба гуфтаи наздиконаш ин кӯмакаш накард.

Маросими ҷанозаи марҳум имрӯз 3-юми ноябр ноябр дар зодгоҳаш деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ баргузор мешавад. 

Раҳими Рафеъзод аз соли 2009 ба ҳайси хабарнигори минтақавии ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ва “Садои мардум” буд. Муаллифи шаш китоб ҳам мебошад.

Таджикский

Страницы

Подписка на RSS - Ҷомеа