Ҷомеа

Афзоиши бесобиқаи одамрабоӣ ва истисмори одамон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҷиноятҳои вобаста ба истисмори одамон ва одамрабоӣ ба таври бесобиқа зиёд шудааст.

Бино ба иттилои Суди олии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон судҳои кишвар 33 парвандаро вобаста ба одамрабоӣ ва истисмори одамон баррасӣ карда, 44 нафарро ба маҳбас фиристондаанд.

Ба иттилои манбаъ, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 парванда зиёд аст. Дар нимсолаи аввали соли равон ҳамагӣ 7 парванда баррасӣ шуда, 10 нафар ба маҳбас рафта буд.

Таджикский

Амали ваҳшиёнаи пирамарди 71-сола дар Конибодом

Як пирамарди 71-сола дар шаҳри Конибодом ҳамсояаашро бо яроқи шикорӣ захмдор кард, сипас бо корд ба ҳалокат расонидааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, гумонбаршуда, бинобар сабаби хусумат доштан нисбати ҳамсояаш марди 65-сола, маъюби гӯруҳи 2-юм, бо ӯ муноқиша намуда, аз яроқи шикории тамғаи “ИЖ-16”, ки бо худ ғайриқонунӣ нигоҳ медошт, ба муқобили ӯ як маротиба тир холӣ намуда, охиронро захмӣ намудааст.

Таджикский

Раҳимзода: Аз шиканҷа пешгирӣ намуда, бо гумонбарон муоширати хуб кунед

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз зердастонаш талаб кард, ки аз шиканҷа пешгирӣ намуда, ҳангоми бозпурсӣ бо шаҳрвандон муоширати хуб намоянд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ дар ҷаласаи Мушовараи ВКД оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар нимсолаи аввали соли 2016 гуфт, “ҳамкории мақомоти милитсия бо аҳолӣ боз  ҳам тақвият дода шуда, робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ мусоидат менамояд.”

Таджикский

Ҳалокати 36 сокини вилояти Суғд дар Сурия

24 сокини вилояти Суғд ҳамроҳ бо оила ва кӯдакони ноболиғаашон ба Сурия рафтаанд.

Ба гуфтаи Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, дар умум ҳоло 394 сокини вилоят дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ қарор доранд.  

Таджикский

Табибони чинӣ зери назорати қатъӣ қарор мегиранд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар танҳо ба ду муассиса иҷозат табобати чиниро додааст.

Нусратулло Салимзода, вазири тандурустии Тоҷикистон дар ҳузури хабарнигорон аз ҷалби худсаронаи табибони чинӣ ба табобати шаҳрвандони кишвар изҳори нигаронӣ кард. 

Ба қавли ҷаноби Салимзода  “мо ҳамагӣ ба ду муассиса иҷозати истифода аз хидмати табибони чиниро додаем ва ман аз он, ки сафи онҳо бештар мешавад, қонеъ нестам”. 

Таджикский

Боздошти сокини 50-солаи Истаравшан барои қатли ҳамсараш

Дар шаҳри Истаравшан як зани 35-сола аз ҷониби шавҳараш ба қатл расонида шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, шавҳари ин зан бо гумони куштор боздошт шуда, феълан дар боздошт қарор дорад.

-Номбурда, санаи 12.07.с.2016, тахминан соати 01:00-дақиқа дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҳамсараш, зани 35-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда 2-маротиба ба қафаси синааш задааст. Дар натиҷа ҳамсараш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст,-мегӯяд манбаъ.

Таджикский

Пешгирӣ аз қочоқи тилло дар Исфара

Кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»-и гумруки шаҳри Исфара аз қочоқи қариб ним кг тилло пешгирӣ кардаанд.

Бино ба иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ин миқдор маснуоти заргарӣ аз автомашинаи як сокини шаҳри Исфара дарёфт шудааст.

Таджикский

Барканории роҳбарони бозори "Шоҳмансур" ва Боғи ҳайвонот

Директорони “Боғи ҳайвонот” ва бозори “Шоҳмансур” аз вазифа барканор шуданд.

Дар пайи моҷаро дар Боғи ҳайвоноти пойтахт ва ғайб задани сабзӣ дар бозори "Шоҳмансур" шаҳрдори Душанбе Маҳмадсайид Убайдуллоев роҳбарон Қурбон Одинаев ва Бахтиёр Лақаевро аз вазифа барканор кард.

Таджикский

Хатлон: Таркиши мошини газ НФС-ро ба коми оташ бурд

Таркиши автомашинаи газкашон дар шаҳри Қурғонтеппа як нуқтаи фурӯши сӯзишвориро ба коми оташ бурд.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, аз ин ҳодиса як нафар ба ҳалокат расида, 17 нафари дигар ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.

Ҳодиса 9-уми июли соли равон дар нуқтаи сӯзишвории гази моеъи ҶДММ «Кафолат-Садбарг», воқеъ дар канори роҳи автомобилгарди Қурғонтеппа-Сарбанд ба амал омад.

Манбаъ мегӯяд,  дар автомашинаи газкашони тамғаи «Дулан», ки ба шаҳрванд Далер Мадбобоеви 22-сола тааллуқ дорад, сӯхтор ба амал омада, зарфи автомашинаи газкашон таркидааст.

Таджикский

Ошкор шудани "Мерседес-Бенс G350"-и қочоқӣ ба Тоҷикистон

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Хуҷанд шахсеро боздошт карданд, ки мошинеро қочоқӣ ворид кардаву муддати ин ду сол ғайриқонунӣ аз он истифода мекунад.

Бино ба гузориши дафтари матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон,  3-уми июли соли 2016, дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд воситаи нақлиёти тамғаи "Мерседес-Бенс G350" рангаш сиёҳ, соли тавлидаш 2014, ки шаҳрванд А.А. онро идора мекард, нигоҳ доштанд.

Таджикский

Страницы

Подписка на RSS - Ҷомеа