Ҷомеа

Эълони қарори Суд дар бораи марги сарбоз Фирдавс Раҳматов

Қазияи марги сарбоз Фирдавс Раҳматов ба марҳилаи ниҳоии худ наздик мешавад. Дар назар аст, ки пагоҳ 26-уми июл Суди ҳарбии гарнизонии шаҳри Душанбе қарори худро аз рӯи даъвои волидони Фирдавс Раҳматов эълон кунад.

Бино ба иттилои Дафтари матбуоти озодиҳои шаҳрвандӣ, дар ин мурофиа вакилони созмони Эътилофи созмонҳои ҷамъиятӣ зидди шиканҷа" аз ҳуқуқҳои наздикони сарбози ҳалокшуда ҳимоят мекунан.Фирдавс Раҳматов ҳимоят мекунанд.

Таджикский

Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Як садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Деваштич ҷони 6 нафарро аз байн бурд.

Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, ҳодисаи мазкур 24-уми июл дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ рух дода, ба асари он 5 ҷавон ва 1 кӯдак ба ҳалокат расиданд.

Ба қавли манбаъ, ронандаи   автомашинаи тамғаи “Тойота-Корола”, Шералӣ Рабиев ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Душанбе-Хуҷанд-Чанноқ” якбора ба 2 ба автомашинаҳо тамғаи “Мерседес-Бенс”  бархӯрдааст.

Таджикский

Гардиши нав дар қазияи Малика ва Сабина Араловҳо баъд аз 3 сол

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як гуруҳи муташаккили ҷиноятиеро ошкор ва боздошт кардаанд, ки ба эҳтимоли зиёд дар қазияи Сабина ва Малика Араловаҳо ва Осия (Сабоҳат) Диловароваи 5-сола, ки баъдтар ҷасадаш дар Ҳисор пайдо шуд, даст доранд.

Таджикский

Даргузашти муҳаррири нашрияи “Бизнес ва политика”

Шаби гузашта журналист ва муҳаррири нашрияи русзабони “Бизнес ва политика” Галина Дзутсева аз олам даргузашт.

Дар ин бора ҳамкорони марҳум аз нашрия иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи онҳо, журналисти шинохта баъди ширкат дар ду нишасти матбуотии рӯзи ҷумъа, шабона дар хонааш, сари мизи корӣ аз сактаи қалб дар синни 72-солагӣ олами фониро падруд гуфт.

Таджикский

Роҳи Саида: Душанбе – Дубай - Душанбе

Ҳодисаҳои фурӯши одамон барои истисмор, аз он ҷумла, истимори ҷинсӣ, дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа боло рафтааст. Дар нимсолаи аввали соли равон 44 нафар бо иттиҳоми одамрабоӣ паси панҷара рафтаанд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта беш аз чор маротиба бештар аст.

Таджикский

Ҷинояти таҷовуз ба номус дар Тоҷикистон зиёд мешавад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷинояти таҷовуз ба номус дар кишвар зиёд шудааст.

22-юми июл Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ гуфт,  гарчанде барои пешгирии таҳқири обру ва нангу номуси занон, корҳои зиёд дар миёни аҳолӣ бурда мешавад, ҷинояти таҷовуз ба номус нисбат ба соли гузашта зиёд 3 адад зиёд гаштааст.

Дар нимсолаи гузашта дар кишвар 19 ҷинояти таҷовуз ба номус ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 3 адад зиёд аст.

Аз 19 ҷиноят 14-тои он ошкор шуда, 5 ҷинояти дигар нокушода боқӣ мондаанд.

 

Таджикский

Коҳиши рафтуомади муҳоҷирони тоҷик

Дар нимсолаи аввали соли равон теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик қариб 28 ҳазор нафар кам шудааст.

Бино ба иттилои Сумангул Тағойзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикитон, дар шаш моҳи ахир нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 ҳазору 949 нафар камтар ба муҳоҷирони меҳнатӣ рафтаанд.

Таджикский

Чопи “Комсомольская правда” дар Тоҷикистон қатъ гардид

Шариф Ҳамдампур, масъули чопи ҳафтаномаи “Комсомольская правда” дар Тоҷикистон аз идомаи нашри он худдорӣ кард.

21-уми июл ҷаноби Ҳамдампур дар ҳузури рӯзноманигорон эълон кард, ки баъди нашри мақолаи таҳқиромези Сергей Пономарев  бо номи “Таджикистан из советского прозябина в светлое будушее” онҳо ба хулосае омаданд, ки дигар ин ҳафтаномаро дар Тоҷикистон чоп накунанд.

Таджикский

Ҳалокати духтарчаи 4-сола зери чархи “Опел-Вектра”

Як духтарчаи 4-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ зери чархи мошин монда, ба ҳалокат расидааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд,  ронандаи автомашинаи тамғаи  “Опел-Вектра”, сокини 27-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе дар ҳудуди деҳаи Болошаҳри ноҳияи Рӯдакӣ духтарчаи 4-соларо, ки роҳро убур мекард, пахш намудааст.

Бо рух додани чунин ҳодисаи нохуш пиёдагарди хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. 

Таджикский

Яхмосу нӯшокӣ аз номи Президент дар Кӯлоб

Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аз номи Президент ба кӯдакони шаҳри Кӯлоб яхмос, нӯшокӣ ва ширинӣ туҳфа кардаанд.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд,  19-уми июл дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба пешвози 25-солагии Истиқлолият мусобиқаи шоҳмот ва «Аксияи яхмос» доир гардида, аз номи Президент ба кӯдакону наврасон яхмос, нӯшокӣ ва шириниҳо тақдим карда шуд.

Таджикский

Страницы

Подписка на RSS - Ҷомеа