Ҷомеа

Идомаи боздошти пирамардон бо иттиҳоми кушторҳои ваҳшиёна

Як пирамарди 73-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсояаашро бо бел зада, ба ҳалокат расондааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд,  номбурда, бинобар сабаби хусумат доштан бо ҳамсояаш, марди 67-сола муноқиша намуда,  бо бели дар дасташ буда, ба сари ҳамсояаш як маротиба зада, охиронро захмин намудааст.

Дар натиҷа С.Қ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ  бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Ин дуюмин боздошти пирамардон бо ҷинояти куштор дар ҳафтаҳои ахир мебошад.

Таджикский

Нусратулло Саидов сухангӯи нави ВКД таъйин шуд

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуда, муовини сардори Раёсати нозироти ташкилии ин ниҳод таъин гардид.

Ба гуфтаи худи Ҷалолиддин Садриддинов, минбаъд дар мақоми ӯ Нусратулло Саидов фаъолият хоҳад кард.

Нусратулло Саидов, масъули барномаи телевизионии “Сипар” акнун сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мебошад.  

Таджикский

Боздошти 7 говдузд дар шаҳри Кӯлоб

Дар нимсолаи гузашта дар шаҳри Кӯлоб 26 ҳолати дуздии чорвои калон шохдор ошкор шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, оиди ин ҳолатҳо 7 нафар сокинони шаҳри Кӯлоб: Ҷалилов Файзулло, Хоҷамқулов Наврӯз, Миров Исфандиёр, Нуралиев Иброҳим, Ойаҳмадов Холмурод, Хоҷамқулов Ҷурабек ва Юсупов Абдусаттор  ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Нисбати гумонбаршудагон бо дастрасии моддаи 244 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ карда шудаааст.

Таджикский

Ҳушдори Кумитаи забон ба журналистон

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ба рӯзноманигори кишвар ҳушдор дод, ки дар сурати нақзи меъёри забони тоҷикӣ ҷарима хоҳанд супорид.

1-уми август Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар нишасти хабариаш гуфт, “ дар оянда намояндагони васоити ахбори омма, ки дар таҳияи  мақолаву маводҳояшон меъёри забони тоҷикиро риоя намекунанд, ҷарима  мешаванд”.

Таджикский

Ғарқ шудани муҳоҷири 50-солаи тоҷик дар Русия

Як муҳоҷири 50-солаи тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст.

Бино ба иттилои Каримҷон ЁРОВ, роҳбари ҷамъияти ғайритиҷоратии "ЭТМОС", Исломҷон Афғонов, сокини ҷамоати Сағирдашти ноҳияи Дарвоз буда, дар сохтмон кор мекардааст.

Ба гуфтаи Каримҷон Ёров, вақте ҳаво гарм мешавад марҳум ба оббозӣ меравад, вале ӯ оббози хуб набудааст. “Вақте рафиқаш ба кофтукобаш меравад, аллакай Исломҷон Афғонов ғарқ шуда будааст ва водолазҳо ӯро ёфта бароварданд.”

Таджикский

Якбора баланд шудани нархи роҳкиро дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Дар пайи фаромадани ярч дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва тамба шудани мошинҳо нархи роҳкиро як баробар қиммат шудааст.

Ба гуфтаи мусофирон қаблан нархи роҳкиро аз 50 то 70 сомонӣ буд, аммо аз субҳи имрӯз 30-юми июл ронандаҳо барои як мусофир аз 100 сомонӣ боло талаб карда истодаанд.

Мусофирон мегӯянд, нақлиёт низ дар ин  самт имрӯз хеле кам ба назар мерасад. Ронандаҳо далели баланд кардани нархро дар он шарҳ медиҳанд, ки вазъи роҳ хуб нест. Ҳоло аз ду тарафи роҳ тамбаи мошинҳо ба вуҷуд омада, аз самти Душанбе ҳаракат муваққатан манъ шудааст.

Таджикский

Ҳушдори КҲФ аз ҳавои номусоиди се рӯзи оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавои номусоид дар рӯзҳои 28-31-уми июл хабар дод. 

Ин манбаъ мегӯяд дар ин рӯзҳо эҳтимоли боронҳои пуршиддат ва омадани сел дар баъзе маҳалҳои ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Шамол дар як сония аз 15 то 20 метр мевазад. 

Дар мантиқи куӯҳи хавфи омадани сел бар асари боронҳои шадид зиёд аст, сатҳи оби рудхонаҳо баланд гардида, эҳтимоли зарар расидан ба хоҷагиҳо ва хонаҳои соҳил меафзояд.  

Таджикский

Шоира Эътибор Юсуфӣ бо шавҳар ва тифлаш ба ҳалокат расиданд

Шоира Эътибор Юсуфӣ, шоираи ҷавони тоҷик ҳамроҳ бо шавҳар ва кӯдакаш дар ноҳияи Айнӣ бар асари фаромадани санг аз куҳ ба ҳалокат расидаанд.

Ба гуфтаи наздикони марҳум, ҳамроҳ бо шоира инчунин додар, янга, хоҳар ва ҷиянаш низ дар ин ҳодиса ҷон доданд. Ин нафарон дар як автомашинаи тамғаи "Опел" аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Айнӣ сафар доштанд. 

Дар умум бар асари ин сангрезӣ дар ноҳияи Айнӣ 7 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Таджикский

Хуҷанд: Дузди собиқ баъд аз зиндон боз ғоратгарӣ кард

Як сокини 30-солаи шаҳри Хуҷанд бо он муттаҳам дониста мешавад, ки аз хонаи як зан маблағи зиёдро ба яғмо бурдааст.

Дафтари матбуоти РКД дар вилояти Суғд мегӯяд,  гумонбар 18 то 26-уми июли соли равон якчанд маротиба вориди хонаи истиқоматии як зан гардида, аз он ҷо маблағҳои пулии 5 ҳазор сомонӣ, 3 ҳазор доллари ИМА ва 600 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ба гуфтаи манбаъ ин мард қаблан низ бо иттиҳом дуздӣ, ғоратгарӣ зиндонӣ шуда буд.

Нисбати гумонбаршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Таджикский

Деҳа ба номи Президент беҳтарин эътироф шуд

Деҳаи Раҳмонобод дар ноҳияи Шуғнон ҳамчун беҳтарин деҳа шинохта шуда, ба озмуни вилоятӣ пешбарӣ шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, дар байни 13 деҳоти ноҳияи Шуғнон деҳаи Раҳмонобод мақоми аввал гирифт ва ҳуқуқи ширкат дар озмуни вилоятиро пайдо кард.

Таджикский

Страницы

Подписка на RSS - Ҷомеа