Ҷомеа

Прокуратура ба таҳқиқи шикояти эътилофи зиддишиканҷа аз милисаҳои "беадаб" шуруъ кард

Прокуратураи шаҳри Душанбе ба таҳқиқи шикояти Эътилофи зидди шиканҷа дар бораи бадрафтории милисаҳо шуруъ кардааст, ки наворашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта буд.

Бино ба иттилои Прокуратураи шаҳри Душанбе, айни ҳол, шахсияти милисаҳо, ба гумони ғолиб нозирони БДА, ки дар навори мазкур ҷавононро таҳқир ва лат кардаанд, муайян карда нашдуааст.

Таджикский

Сел дар водии Зарафшон даҳҳо манзилро хароб кард

Сел дар ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ даҳҳо хонаро вайрон карда, ба хоҷагии халқ хисороти молӣ расондааст.

Маҳмадҷобир Ризоев, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар суҳбат ба TojNews гуфт,  баъд аз зуҳри 11-уми август дар пайи боридани борон дар 5 деҳаи ин ноҳия сел омада, ба хоҷагии халқ хисорот расонид.

Ба гуфтаи ҷаноби Ризоев, ҳарчанд талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо заминҳои кишоварзӣ, хонаҳои истиқоматӣ, чорвои майда ва бошишгоҳҳои саҳроӣ дар деҳаҳои  Пит, Рувоск, Ғузн, Ҳадишаҳр ва Арсовит аз сел зарар диданд.

Таджикский

Шарҳи ВКД дар бораи пайдо шудани ҷасад дар Файзобод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як сокини 32-солаи ноҳияи Файзобод дар замин рашк даст ба куштор задааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, гумонбаршуда марди 42-соларо аз ҳиссиёти рашки беасос, ки гӯё ӯ бо оилааш муносибати маҳрамона доштааст бо зарби 16 корд ба қатл расондааст.

Манбаъ мегӯяд,  ҷасади ин сокини Файзобод аз дохили боғи ҳудуди деҳаи Ҳаймаҳмадии ноҳияи Файзобод, аз таги хоки зери дарахт бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

Таджикский

Нигаронии пайвандон аз вазъи саломатии собиқ сардабири «Наҷот»

Саломатии Ҳикматулло Сайфуллозодаи 66-сола, собиқ сардабири нашрияи «Наҷот» , ҳизби мамнуъшудаи наҳзати исломӣ дар боздоштгоҳ вахим шудааст.

Ин хабарро пайвандон ва собиқ аъзои ҳизб дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук расонаӣ карданд.

Як манбаъи Тоҷнюс дар боздоштгоҳ дар шарҳи ин хабар гуфт, ки ҳамсари Сайфуллоҳзода дар як ҳафта ду маротиб инҷо  ғизо меорад.

Таджикский

Қатли хоҳари ҳамсар баъди таҷовуз ба номус

Як сокини 26-солаи ноҳияи Рӯдакӣ бо иттиҳоми таҷовуз ва қатли хоҳари ҳамсараш боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ин нафар 7-уми августи соли 2016, ба шаҳри Қурғонтеппа омада, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар лаби канали обгузари “Ҷайҳун” бо хоҳари 17-солаи ҳамсараш, сокини ҳамин шаҳр вохӯрда, бо ӯ алоқаи ҷинсӣ карда, сипас бо корди дар дасташ буда, ба гулӯ ва дигар узвҳои баданаш 6-7 маротиба зарба задааст.

Таджикский

Тасдиқи як ҳолати шиканҷа аз ҷониби Прокуратураи генералӣ

Прокуратураи генералии Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи гузашта танҳо як ҳолати шиканҷаро исбот кардааст.

Бино ба иттилои Юсуф Раҳмон, прокурори генералии Тоҷикистон, дар нимсолаи гузашта ба ин ниҳод 8 шикоят вобаста ба шиканҷа ворид гардид.

Ба гуфтаи Юсуф Раҳмоназ 8 шикоят ҳамагӣ 1 шикоят қонеъ карда шуда, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Аммо Прокурори генералӣ мушаххасан нагуфт, ки як ҳолат шиканҷа дар кадом муассиса тасдиқ гардидааст.

 

Таджикский

Аз ҳама бештар пули буҷаро дар сохтмон “дуздидаанд”

Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, дар нимсолаи гузашта аз ҳама зиёд маблағи буҷа дар соҳаи сохтмон ғайриқонунӣ азхуд шудааст.

5-уми август Дилмурод Давлатзода, раиси Палатаи ҳисоб дар нишасти хабариаш гуфт, дар нимсолаи аввал 9 млн. 40 ҳазор сомонӣ маблағи буҷа бо роҳи изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон ғайримақсаднок истифода шудааст.

Раиси Палатаи ҳисоб гуфт, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. сомонӣ зиёд аст.

Таджикский

Ғарқ шудани ду сокини Рӯшон баъди афтидани нақлиёт ба дарё

Ду сокини ноҳияи Рӯшон дар пайи афтидани санг аз куҳ бо автомашина ба дарё афтида, ғарқ шудаанд.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, 3-юми августи соли равон, тахминан соати 21:00-дақиқа дар мавзеи Бадрудӣ аз болои куҳ сангпораҳо афтида, ба болои аавтомашинаи тамғаи “Уаз-469” задааст.

Дар ин ҳодисаи ногувор автомашинаи мазкур аз роҳи мошингард ба даруни дарёи Бартанг чаппа шуда, дар об ғарқ шудааст.

Таджикский

Прокуратураи генералӣ парвандаи Араловаҳои гумшударо аз сар гирифтааст

Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи Араловаҳо - ду духтарчаи 5-солае, ки се сол қабл дар Душанбе, аз наздики манзили зисташон ғайб зада буданд, аз сар гирифтааст. 

Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо тасдиқи боздошти як гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки ба тифлрабоӣ машғул буданд, дахли ин гуруҳро ба қазияи се сол пеш рад кард. 

Таджикский

Ёрдамчии Президент: Ҷарима шудани рӯзноманигорон қобили қабул нест

Барои истифодаи калимаҳои бегона дар қонунгузорӣ ягон ҷазо муқаррар нашудааст.

3-юми август  Содиқ Шоҳназаров, ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар ҳузури хабарнигорон гуфт, дар қонунгузории кишвар чунин муқаррарот мавҷуд нест.

Ба қавли ҷаноби Шоназаров, “ҷаримабандӣ кардан барои як калима тамоман қобили қабул нест. Мо қонуни забон дорем ва барои риоя накардани меъёри забони тоҷикӣ муҷозот муқаррар шудааст. Аммо барои як калима ин амр (ҷаримабандии журналистон) қобили қабул нест.”

Таджикский

Страницы

Подписка на RSS - Ҷомеа