Ҷомеа

Эълон: Дар ҷустуҷӯи Фарангиси 10-сола ба кӯмаки шумо ниёз дорем!

Духтараке, ки дар акс мебинед Фарангис ном дорад. Ӯ дирӯз тахминан соати 14.00 дар мавзеи 8-уми марти шаҳри Душанбе бедарак шудааст. 

То соати пахши ин маълумот дар бораи ӯ чизе маълум нест. Агар ӯро дидаед ё дар борааш чизеро медонед, фавран ба волидонаш бо шумораҳои  93 310 53 18 , 888 888 332 дар тамос шавед. 
Ё ба идораи Тоҷнюс бо шумораи 44 600 80 38 занг занед. Волидайни Фарангис барои ҷӯстуҷӯ ба ёварони ҷамъиятӣ ниёз доранд.
Идораи Тоҷнюс аз хонандагонаш хоҳиш мекунад, ки ин маълумотро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн созанд.

Таджикский

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо 141 кило маводи мухаддир

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти як шаҳрванди кишварро бо 141 кило маводи мухаддир дар марзи Озарбойҷон ошкор карданд.

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, ин нафар Исмоилов Муҳаммадҷон Собирҷоновичи 31-сола буда, зодаи шаҳраки Қалъаи Ҳисори ноҳияи Ҳисор аст.

Манбаъ мегӯяд, вай се моҳ пеш ба Эрон рафта, он ҷо дар яке аз ширкатҳои байналмилалии автомобилӣ ба кор даромада, “вале ҳамзамон бо харидуфурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир машғул шудааст".

Таджикский

Ошкор шудани қариб ҳазор намуд доруҳои пастсифат дар Суғд

Дар нимсолаи гузашта кормандони Раёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ назорати муассисаҳои фармасевтӣ қариб ҳазор намуд доруҳои муҳлаташон гузаштаро ошкор кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, “воридкунандагони маводҳои доруворӣ асосан ташкилотҳои фармасевтии хусусианд. Аз ин рў, Хадамоти назорати фаъолияти фармасевтӣ дар вилоят ҷиҳати таъмини назорати талаботи қонунгузорӣ дар ин самт чорабиниҳои саривақтиро амалӣ менамояд.”

Таджикский

АКС: 12 млн. доллар маблағи ИМА барои тақвияти сарҳади Тоҷикистон

Ҳукумати ИМА ба неруҳои сарҳадии Тоҷикистон дар ҳаҷми 12 млн. доллар воситаҳои техникӣ тақдим намуд.

18-уми август бо иштироки Элизабет Миллардо, сафири ИМА дар Тоҷикистон, Саймумин Ятимов, раиси КДАМ ва Шералӣ Хайруллоев, ёрдамчии Президент маросими тақдими воситаҳои техникӣ ба қушунҳои сарҳадии кишвар баргузор шуд.

Таджикский

Сел ба Исфара зиёда аз 13 млн. зарар расондааст

Дар пайи омадани сел дар шаҳри Исфара 272 манзили сокинон осеб дидааст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ ҳаҷми умумии хисороти сел 13 млн. 239 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва ин рақам метавонад зиёд шавад.

Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдори Исфара дар суҳбат ба TojNews гуфт,  бар асари офати табиӣ- боришоти пайдарпайу шадид ва омадани сел ба 272 манзилҳои истиқоматии сокинон ба миқдори зиёд селоба ва лойиқа даромада, ба иншоотҳои истиқомативу ёрирасони шаҳрвандон ва зироатҳои заминҳои наздиҳавлигии онҳо ҳисорот ворид намуд.

Таджикский

Нахустин писари Фарзонаи Хуршед дида ба олам кушод

Фаридун ва Фарзонаи Хуршед, ду овозхони шинохтаи тоҷик соҳиби нахустин писарча шудаанд.

Хабари таваллуд шудани нахустин писарро нахуст Фаридуни Хуршед чанд лаҳза пеш дар сафҳаи фейсбукиаш нашр кард.

Диловари Мизроб, продюсерри Фарзона дар шарҳи ин хабар ба TojNews гуфт, писари нахустини Фарзона ва Фаридун пеш аз зуҳри имрӯз 17-уми август дар таваллудхонаи №1-и шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Мизроб, феълан вазъи саломатии модару писар хеле хуб мебошад.

Таджикский

АКС: Сел дар Исфара манзил ва чорвои сокинонро ба коми худ кашид

Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд сел манзилҳои зиёди шаҳрвандонро хароб кард.

Бино ба иттилои Иқбол Тешаев, сухангӯи шаҳрдори Исфара,  бар асари офати табий –боришоти пуршиддат ва омадани сел, ки тахминан баъд аз соати 18-30-и шомгоҳи 17-уми август рух дод, сокинони шаҳраки Шӯроб ва маҳаллаҳои навбунёди Сомониён, Афғонҳо, 13,14, 15, Навобод, Ҷазира ва Матпарй хисороти зиёд диданд.

Таджикский

Нақлиёти дипломатӣ дар маркази Душанбе ду ҷавондухтарро пахш кард

Дар назди Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе як автомашинаи дипломатӣ ду духтари ҷавонро пахш кардааст.

Шоҳидони воқеа мегӯянд, ин нақлиёти дипломатӣ аз ҷониби Амфитеатр ба ҷониби Кохи Борбад ҳаракат мекард ва дар хати сеюми роҳ ин духтаронро пахш кардааст.

Масъулини Бозрасии давлатии автомобилӣ бо тасдиқи ин хабар ба TojNews гуфтанд, ҳодиса тахминан соати 13:00-и 16-уми август рух дода, бар асари он 2 духтари ҷавон захмдор шуданд.

Таджикский

Зӯроварии ду сокини Шуғнон алайҳи кормандони милитсия

Ду сокини ноҳияи Шуғнон барои таҳқири кормандони милитсия ва зӯроварӣ нисбати онҳо боздошт шудаанд.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, сокинони деҳаи Тишори Ҷамоати деҳоти Поршинёви ноҳияи Шуғнон Тоҷибек Танибеков ва Гулбек Саидбеков  дар назди бинои ШВКД дар ноҳияи Шуғнон  аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда, кормандони милитсия Давлатов Ф. Ё. ва дигаронро, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон қарор доштанд, таҳқир ва нисбати онҳо зӯроварӣ истифода намуданд..

Таджикский

Ҳалокати 2 ноболиғ дар зери чархи автомашина

Ду ноболиғ дар шаҳри Истаравшан зери чархи мошин монда ба ҳалокат расидаанд.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ҳодиса дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан рух дода, бар асари он ду нафар ноболиғони 4 ва 11-сола ба ҳалокат расидаанд.

“Ронандаи  автомашинаи тамғаи “Маз-5549”, марди 24-солаи сокини шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Гули Сурхи ҳамин шаҳр бехатарии ҳаракати роҳро таъмин накарда, ду нафар ноболиғони 4 ва 11-солаи сокинони деҳаи Гулистони шаҳри мазкурро пахш намудааст.”

Таджикский

Страницы

Подписка на RSS - Ҷомеа