Ҷомеа

ЗАЯВЛЕНИЕ ЕВРОПЕЙСКОГО КОНГРЕССА ТАДЖИКСКИХ ЖУРНАЛИСТОВ И БЛОГЕРОВ 

 Мы, представители таджикского медиа-сообщества выражаем чрезвычайную обеспокоенность ситуацией, сложившейся вокруг смерти Сергея

Таджикский

Таъсиси чор ҷоизаи нав ва як бурсия барои журналистон

Кунгураи урупоии хабарнигорон ва блогнависони тоҷик рӯзи 3 май, дар рӯзи озодии баён дар бораи таъсиси 4 ҷоизаи нави журналистӣ хабар дод, ки ҳар кадом аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ подоши нақдӣ доранд.
Ҷоизаи Бунёдгузор ба номи Шириншоҳ Шотемур, ҷоизаи Ҷасорат ба номи Бӯринисо Бердиева, ҷоизаи Садоқат ба номи Шарифамоҳ Кишвардухт ва ҷоизаи Наҷобат ба номи Акбари Саттор номгузорӣ шудаанд.

Таджикский

Даҳгонаи беҳтарини ташаббусҳои шаҳрвандӣ аз нигоҳи Саймуддин Дӯстов

Афроди қобилу ташаббускор ва ташаккулҳои мардумӣ тақрибан дар ҳама низомҳои сиёсӣ ҳастанд. Дар низомҳои мардумсолор ва боз ба онҳо арҷ мегузоранд, аммо низомҳои худкома ва пӯшида онҳоро саркуб мекунанд ё фаъолияташонро маҳдуд месозанд.

Таджикский

Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»: Такрори таърихи “Бухорои шариф”(10)

1 декабри соли 2016 роҳбарияти Созмони  «ИНДЕМ” бо баргузории як ҷаласаи изтирорӣ  барҳам задани  нашрияи «Нигоҳ» ва  хабаргузории TojNews дар Тоҷикистонро такрори таърихи барҳам задани нахустин рӯзномаи тоҷикӣ  “Бухорои шариф” ва воқеъият эътироф карда, дар бораи  қатъ намудани фаъолияти Агентии тадқиқоти журналистӣ, қатъ намудани хизматрасониҳоии мониторинг ва машваратӣ, минҷумла аз рӯи шартномаҳои мавҷуда аз санаи 1 январи соли 2017 қарор қабул намуд.

Таджикский

Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»: “Илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъ” (8)

26 октябр аҳли эҷоди нашрия  «Нигох»  ба қарор омаданд, ки ҷиҳати ҳифзи кормандони нашрия (саҳифабанд, мусаҳҳеҳ  ва муаллифи гузориши сафари Президент, муҳаррири масъул ва сармуҳарир) муваққатан аз шарҳи ҳаводис ва фаъолият даст кашанд то ба ҳабс шудани журналистон  роҳ надиҳанд.

  Дар бораи тамоми амалҳои  худ редаксия ташкилотҳои журналистӣ, созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ ва корпуси дипломатии муқими Душанберо огоҳ намуд.

 29 октябри соли  2016 Саймуддин Дустов  ва Фаридун Раҳнавард ҳудуди Тоҷикистонро  тарк намуданд.

Таджикский

Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»: талаби бе баҳси додгоҳӣ бастани нашрия (4)

 

Шаби  24. 10. 2016 матбаа аз чопи ҳафтанома бо баҳонаи «супориши боло» худдорӣ кард.

Маълум шуд, ки Вазорати фарҳанг худи ҳамон рӯз,  яъне  ҳанӯз 21. 10. 2016  ба Прокуратураи Генералии  Тоҷикистон  ариза навишта, аз  «таҳқири президент» дар “Нигоҳ” ва чанд “гуноҳи” дигар хабар додааст.

 Вазир Орумбеков ҳамчунин талаб кардааст, ки ҳафтаномаи «Нигоҳ» бидуни баҳси додгоҳӣ (!) баста шавад.

Таджикский

Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»: 3 “гуноҳ” бо шумули “таҳқири Пешвои миллат”(2)

 Худи ҳамон рӯз, яъне 21.10.2016 Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо имзои вазир Шамсуддин Орумбеков, ки вазораташ маъмури  бақайдгирии ВАО аст, ба Шӯрои ВАО - мақоми худидораи журналистӣ нома равон мекунад, ки рӯзҳои баъдӣ ба мо низ дастрас шуд.

Таджикский

Худо нигаҳбони Шумо! Изҳороти хайрбодии "Тоҷнюс" бо хонандагон

Хонандагони гиромӣ!
Ҳайати эҷодии ожонси итилоотии “Тоҷнюс” бо таассуф арз медорад, ки бо қарори муассиси ожонс - Созмони ҷамъиятии “ИНДЕМ” аз 2 - юми ноябри соли 2016, имрӯз, 14 –уми ноябр соати 13.00 мо фаъолиятамонро қатъ мекунем.

Таджикский

Мақомоти тоҷик “ФСБ”-ро аз қасди амалиёти терористӣ хабар додаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар бораи қасди амалҳои терористӣ дар ҳудуди Русия ва Осиёи Марказӣ нахустин шуда иттилоъ пайдо кардааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд,   ин ниҳод “аввалин шуда ба ҳаммаслаки ин гурӯҳ баромада тавонистанд ва дар бораи ҳамаи аъзоёни гурӯҳ маълумот гирифтанд. Пас аз он маълумотҳо ба ҳамкорони Хадамоти Федеролии амнияти (ФСБ) Федератсияи Россия пешниҳод гардиданд.”

Ба гуфтаи манбаъ, аз қасди ин гуруҳи терористӣ ба воситаи бародари як шаҳрванди Тоҷикистон огоҳ шудаанд, ки ҳоло дар Сурия ҷанг мекунад.

Таджикский

Боздошти се чӯпони тоҷик бо гумони куштор

Се чӯпон дар ноҳияи Панҷ бо иттиҳоми куштор боздошт шудаанд.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ҳодиса субҳи 8-уми ноябр бар сари қитъаи замини чарогоҳ ва чашмаи обдиҳӣ сар задааст.

Манбаъ илова мекунад, ки чӯпонон бо марди 40-сола ва ҷавони 18-солаи сокинони ноҳияи Панҷ муноқиша карда, сипас, бо калтакҳои чупонӣ якчанд маротиба ба сару рӯи онҳо мезананд.

“Дар натиҷа марди 40-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҷавони 18-сола бошад, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.”

Таджикский

Страницы

Подписка на RSS - Ҷомеа