Шояд шумо суол ё назаре доред?

Даҳгонаи беҳтарини ташаббусҳои шаҳрвандӣ аз нигоҳи Саймуддин Дӯстов

Даҳгонаи беҳтарин ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ

Афроди қобилу ташаббускор ва ташаккулҳои мардумӣ тақрибан дар ҳама низомҳои сиёсӣ ҳастанд. Дар низомҳои мардумсолор ва боз ба онҳо арҷ мегузоранд, аммо низомҳои худкома ва пӯшида онҳоро саркуб мекунанд ё фаъолияташонро маҳдуд месозанд.

Ҳол он, ки онҳо нақши ғалбер (филтр)-ро мебозанду барои сиҳатии ҷомеа хеле муфиданд. Зеро аз як ҷониб онҳо хостаҳову интизориҳову талаботи мардумро ба ҳукуматдорон мерасонанд, аз ҷониби дигар баёнгӯи сатҳи дастгирии мардумии ин ё он ҳукуматанд, ки донистани он барои давлатсозони ҳақиқӣ шарт аст. Бо ҳамин далелҳо онҳоро аз муҳимтарин абзору кафили ҳифзи ҳуқуқи инсон низ медонанд. Барои кишвару ҷомеаи мо низ чунин аст.

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон акнун шакл гирифтан дорад. Соли сипаришуда нишон дод, ки он баъди саркуби солҳои 2012-2016 дубора эҳё мешавад. Даҳгонаи беҳтарин ташаббусҳои шаҳрвандии соли гузашта, аз Наврӯзи 2018 то Наврғзи 2019 худ гувоҳӣ медиҳанд:

1.“Забони порсӣ” ё “Баҳси номи забон”
Ин иқдоми густурда дар арафаи Наврӯз шакл гирифта, чанд моҳ идома дошт. Аз нахустин ташаббусҳои ҷомеаи шаҳрвандии солҳои ахир буд, ки то ҷое ниҳодина шуду боиси тавлиди матолиби бешумор дар мавзуъи зирабт гашт. Басо муассир буд. Кулли ниҳодҳои ҳукуматиро ба баҳси ҳақиқати таърихӣ кашид ва мавзеъгириҳояшонро тадриҷан тағйир ҳам дод; 
2.“Диссернет.tj” 
Ин ташаббус пой гузоштани Гулливер ба кӯлмаки гарму ороми фасодкорони тоҷикро мемонд. Ончунон такондиҳанда буд, забон дар тасвираш лол аст. Ба гумони ғолиб ҳич амале ба ин ҳадд нафрати иҷтимоӣ бар зидди фасоду фасодкориро наангехта буд. Хоки фасодкоронро бехт. Ҳукумат мессиҷи ҷомеаро хуб дарк кард, вале рефлексияи сиҳат нишон надод: бадани бемор дигар тавони вокуниш ба сӯзандории ҳаётан муҳимро ҳам надорад; 
3.“Зайд Саид бегуноҳ аст” ва “Бузургмеҳр Ёровро озод кунед!” 
Аз маъракаҳои густурдаи соли гузашта буданд, ки натиҷаи миёнадавраӣ доданд: Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон ба ҳукумати кишвар тавсия дод, ки ин ду тан ва зиндонии сиёсӣ Маҳмадалӣ Ҳайитро фавран озод кунад. Ҳукумати кишвар айни ҳол ин талабро нодида мегирад, вале чун созмонҳои байналмиллалии ба СММ муроҷиат карда, аз лоббигарони “Қонуни Магнитский” дар ИМА ва акнун Иттиҳоди Аврупо ҳастанду вазъ дар Урупо тағйир кард, шубҳае нест, ки дер ё зуд ҳукмҳои судии ин се тан ва даҳҳои дигар бознигарӣ хоҳанд шуд; 
4. “Журналисту дигарандеш террорист нестанд”
Ин ташаббус сару садои кам дошт, вале он боис гашт, ки созмонҳои байналхалқӣ аз ҳукумати кишвар талаби берун кардани номи журналистон ва блогнигорони тоҷикро аз Феҳристи террористии Бонки миллии Тоҷикистон пеш оранд. Ин ташаббус бори нахуст феҳристҳои ҳукуматро назди ҷаҳониён зери суол бурд. Акнун омӯзиши онҳо ниҳодина шудаасту самара хоҳад дод. Ҳукумат иҷборан ба ин иқдом вокуниш нишон дод ва феҳрист қисман тағйир хурд. Дар ин миён ҷомеаи шаҳрванди талаби озодии журналист Хайрулло Мирсаидовро пеш оварда, ҳамраъӣ ба намоиш гузошт, ки боиси озод шудани журналисти шинохта ва ба ҷои амн кӯчидани ӯ шуд. 
Аз паёмадҳои дигари мусбати ин иқдомот то ҷое “мутамаддин”шудани лаҳни журналистон ва блогнависҳои дигарандеш дар баробари ҳукумат буд; 
5.“Зидди истирдоди Суҳроб Зафар ва Насим Шарипов” 
Ин маъракаи худҷуш тавонист авлавият додан ба зовияи инсониро дар қазияҳои сиёсӣ барҷаста кунаду нерӯҳои гуногуни сиёсиро ба ҳам орад. Аммо муҳимтарин натиҷаи он истирдод нашудани раҳбари “Гуруҳи 24” Суҳроб Зафар ва фаъоли сиёсӣ Насим Шарифов ба Тоҷикистон буд. Ба кишваре, ки муттасифона дар он инсонҳо шиканҷа мешаванд. 
6.“Озодӣ ба Ҳамза”
Ин иқдоми шаҳрвандӣ, ки ба самар доданаш кам касон бовар доштанд, маъруфтарин қазияи тоҷикӣ дар Урупо шуда, дар таърихи фарохонҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар аз нигоҳи миқдор ва масштаб беназир буд. Ҳукумат маҷбур шуд ба қазия таваҷҷуҳ кунад ва кӯдаки беморро раҳо созад. Ҳамза берун рафт ва табобат ёфт. Як оилаи ҷавон аз зулм наҷот ёфт. Ин иқдом боиси пайдо шудани як ташаккули мухолифин ва канор рафтани чанде аз дастандакорони аслии ташаббус аз фаъолияти ниҳодина гашт;

7.“Ислоҳоти пулис” ё “Вожаҳои пешниҳодӣ ба мақомоти қудратии Тоҷикистон” 
Аз ташаббусҳои доманадори сол буд, ки ба муқовимати шадиди тафаккури истеъморзада дар доираҳои ҳукмрони кишвар рӯ ба рӯ гашт. Бинобар ниҳодина нашуданаш дар марҳилаи аввал шикаст хурд, вале бар онам, ки он дер ё зуд сиёсати давлатӣ хоҳад гашт, зеро кӯшиши бечунучарои миллатсозӣ мебошад. Дар марҳилаи баъдӣ тоҷикият Оинномаи Артиш ва қонунгузории зирабтро низ дар бар хоҳад гирифт; 
8.“БгиБега” ё “Зидди симкорти 250сомона ҳастам”
Ин иқдом тадриҷан ба мардумитарин ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон табдил шуда, бесалоҳиятии ниҳодҳои ҳукуматӣ ва оқибатҳои асафбори непотизмро ба намоиш гузошту боиси пайдо шудани тарҳҳои нави интернетӣ шуд. Ҳукумат дар вокуниш аз “ҳилаи шаръӣ” кор гирифта, қарорашро бекор кард, аммо симкортфурӯширо тавассути шиносномаҳои нав ба манбаъи нави даромади гуруҳӣ табдил доданист. Поёни ин қисса ҳанӯз маълум нест; 
9. Озодӣ ба Гадоев 
Натиҷаи аслии ин маърака, ки набардҳояш дар се майдон: ҳуқуқӣ, сиёсиву дипломатӣ ва иттилоотӣ пиёда мешуданд, баргаштани Шарофиддин “Московский” Гадоев  назди фарзандону ҳамсараш буд. Паёмадҳои дигари ин қазия пешгӯинашаванда менамоянд; 
10. “Ман мухолиф! Мо мухолиф! Мардум мухолиф!”
Ташаббуси ҷамъиятӣ бо чунин барчаспҳо (хештегҳо) аз нигоҳи теъдоди иштирокчиён ва ҷалби ду қишри нав: наврасон ва ҷавонони то 25 сола ва шаҳриҳои креатив ё эҷодкор ба муҳити эътирозӣ бемислу монанд буд. Шакке нест, ки ин ташаббус ҳамин сол империяи фасодзодаи БС-ро пош хоҳад дод. Бо дасти ҳукумат, албатта. 
Ҳамин аст, таърихчаи ташаббусҳои муҳимтарини шаҳрвандӣ дар соли сипаришуда аз нигоҳи камина. 
Ташаббусҳое, ки садҳо ва ҳазорон тан аз онҳо пуштибонӣ кардаанд. Мутмаинам, мисли ман, на барои ҳифзи худу манофеи худ, балки барои ҳифзи ҳуқуқҳои дигаре. 
Барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ҳаммиллате, ҳамватане, ҳамдине, инсоне!
Хушо ба ҳоли онҳое, ки барои дигарон талош меварзанд. 
Онҳоянд, ки мисли ширеш аз “ман”- ҳо “мо” месозанд. Онҳоянд, ки мо худро ҷузъе аз ҷомеаву миллат эҳсос мекунем. Поянда бошанд!
Ояндаи ҷомеаи шаҳрвандиро нек мебинам. 
Наврӯз муборак, азизон! 
(Аз саҳфаи фейсбукии Саймуддин Дӯстов. Тасвир аз SeoProfy)