Шояд шумо суол ё назаре доред?

Ҳақиқати барҳамзании «Нигоҳ»: Шурои ВАО ҳолати нақзи меъёрҳои алоқӣ дар мақолаҳоро наёфт (3)

Рӯзҳои 22 ва 23 октбяр ҳайати эҷодии “Нигоҳ” интизор буданд, ки барои баррасии масъала ба Вазорати фарҳанг ё ниҳодҳои дигар даъват мешаванд, аммо чунин нашуд. Кӯшишҳои мо барои ташхис додани суфоришгари аслӣ натиҷа надоданд.

Ин рӯзҳо афсари КДАМ, ки фаъолияти Шӯрои  ВАО- ро назорат мекунад аз роҳбарияти Шӯро талаб менамуд, ки ҳар чӣ зудтар хулосаи мусбат диҳанд. Аммо  аз тарафи раёсати Шӯро ҷавоби рад гирифт. Шӯрои ВАО қазияро таҳқиқ карду хулосаи манфӣ  дод.  Дар он омада, ки “ Нодуруст навишта шудани номи мақола дар саҳфаи аввали рӯзнома ...хатои техникӣ маҳсуб меёбад”. Нусхаи ҷавоби Шӯрои ВАО ҳамин аст. 

Copyright @2018 TojNews