Шояд шумо суол ё назаре доред?

Қудрати инсон дар муқобили сел: Таҷрибаи деҳаи “Маданият”

Сокинони қишлоқи “Маданият” дигар на аз сел метарсанд ва на фикри онро мекунанд. Онҳо тавонистанд бо кӯмаки ташкилотҳои байналхалқӣ дар муқобили сел садде бунёд кунанд, ки минбаъд метавонад онҳоро аз сел нигоҳ дорад.

“Маданият” қишлоқе дар селраҳа

Қишлоқи “Маданият”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳудуди 1500 нафар аҳолӣ дорад ва дар ҳамсарҳадӣ бо Қирғизистон ҷойгир шудааст. Аҳолии он тоҷикон ва ӯзбекон мебошанд. Тира шудани ҳаво ва боронгарӣ сокинони ин деҳаро доимо ба воҳима меандохт, зеро бо боридани борон аз ҷониби Қирғизистон ба ин деҳа сел меомад. Аз паҳлуи қишлоқ канали “Хоҷабақирғон” мегузарад ва пас аз боронгарии зиёд аз ҷониби Қирғизистон ба ин деҳа сел меояд. Ин деҳа чанд хусусияти аҷибе дорад.Паҳлуи чапи канал паст ва паҳлуи рости он баланд аст. Ҳангоми омадани сел мардум маҷбур мешуданд хонаву ҷойи худро партофта, ба тарафи дар баландӣ будаи канал гузаранд. Мардум аз баландӣ мушоҳида мекард, ки чигуна сел ба манзилҳои онҳо осеб мерасонад. Аммо онҳо ноумед нашуданд ва нишон доданд, ки инсон қудрати бартараф кардани ин монеаро дорад.

Мардум бо кӯмаки ташкилотҳои байналхалқӣ азҷумла Салиби Сурх ва САҲА паҳлуи чапи каналро дар ҳаҷми то 80 сантиметр ва дарозии 500 метр баланд бардоштанд. Ҳарчанд ҳарду паҳули канал ба ҳам баробар нашудаанд, аммо сел ин бор метавонад роҳат аз дохили канал гузашта, ба аҳолӣ зарар нарасонад.

Мирзораҳим Абдуллоев, сардори Шуъбаи ҳолатҳои фавқуллодаи ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯяд, баланд бардоштани соҳили канал асосан хатари сел ба деҳаро кам кард. Зеро дар гузашта сел ҳам ба манзилҳои аҳолӣ ва ҳам заминҳои кишоварзӣ зарари зиёд мерасонад.

Сафари мо ба деҳаи “Маданият” ҳафтаи гузашта иттифоқ афтода буд. Мо худ мушоҳида кардем, ки чигуна мардум тавонистанд селро маҷбур кунанд, ки бо роҳ худ равад ва ба сокинони деҳа зарар нарасонад. Инчунин мардум пас аз давраҳои омӯзишии Салиби Сурх дар бораи офатҳои табиӣ ва чи гуна амал кардан дар ҳангоми сар задани онро хуб медонистанд. Инчунин аҳолӣ ба ғайр аз баланд кардани паҳлуи канал дохили каналро хеле тоза карда буданд ва селраҳа кушода буд.

Ягона чизе, ки барои мо писанд наомад

Ягона чизе, ки ба мо писанд наомад ин дарвозаҳо барои банд кардани об буд. Мо мушоҳида кардем, ки каме пештар аз тамом шудани канал дарвозаҳо гузошта шудааст. Масъулини деҳа дар посух ба суол мо гуфтанд, ин дарвозаҳо ё садд ба хотири банд кардани об барои кишоварзӣ аст. Вақте мо пурсидем, ки ҳангоми омадани сел оё ин дарвозаҳо боиси баста шудани маҷрои об намегардад он гуфтанд, ҳангоми сел дарвозаҳо бардошта мешаванд. Ҳарчанд ин роҳи дуруст буд, вале масъулинро лозим аст, ки бояд ин саддҳоро бардоранд ва барои обёрӣ намудани заминҳо кишоварзӣ ягон чораи дигар андешанд. Чаро? Зеро агар сел шабона ояд ва ин дарвозаҳо бардошта нашуда бошанд пас метавонад ба деҳа зарари зиёӣ расонад. Яъне агар аҳолӣ аз сел ғофил монад пас ин барои онҳо бо хисороти зиёд анҷом меёбад. Тибқи қонунҳои физикӣ фишори об хеле вазнин аст ва агар ҳатто аҳолӣ ҳангоми омадани сел низ бихоҳанд ин дарвозаҳоро боло кунанд пас ин хеле мушкил мешавад. зеро онҳо наметавонанд зери фишори сахти об ин корро ба зудӣ анҷом диҳанд. Мо мефаҳмем, ки ин дарвозаҳо бо мақсади хуб гузошта шудаанд, вале масъулинро зарур аст, ки роҳи дигари обёрӣ намудани заминҳоро пайдо кунанд.

Аҳолӣ чигуна амал карданро медонанд

Чи тавре дар оғози гуфтем мардум аз сел ва чигуна амал кардан ҳангоми омадани онро хуб омухтаанд. Салиби Сурх дар давраҳои омӯзишии худ тавонист ба мардуми деҳа роҳҳои амал кардан ҳангоми омадани селро биомӯзонад. Мардум дар суҳбат ба мо ба хубӣ мефаҳмонданд, ки сел чигуна хатар дорад ва аз он бояд чигуна худ ва наздиконро халос кард. Аҳолӣ мегуфтанд, деҳаи онҳо аз маркази ноҳия дур аст ва онҳо чандин маротиба то омадани дастаҳои наҷотдиҳии Шуъбаи ҳолатҳои фавқуллода бо кӯмаки ҳамдигар аз сел наҷот ёфтаанд.

Муллораҷаб ЮСУФӢ