Шояд шумо суол ё назаре доред?

Дар кори хайр саҳм бигир: Консерти хайриявии “Мадонна” дар Душанбе

29-уми октябр дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон  консерти ҳунарманд Муҳаммад Холов, маъруф ба “Мадонна” баргузор мешавад.

Ташкилкунандагони консерт мегӯянд, маблағи мазкур барои табобати “Мадонна” сарф мешавад.

-“Мадонна” бо гузашти 11 соли аз по уфтодан тасмим гирифтааст таслими сарнавишти ғамангези худ нашавад ва дубора қуввати пойҳои худро баргардонад.  Пизишкони осебшинос муолиҷаи комили пойҳояшро танҳо бо анҷоми ду амали ҷарроҳӣ замонат медиҳанд ва ӯ барои ҳамеша аз асои зербағал раҳо меёбад. Сарфи назар аз имконоти маҳдуд ӯ мехоҳад руйи саҳна ояд, то табъи ҳаводоронашро шод кунаду ба ин васила барои ҷарроҳӣ маблағе фароҳам созад.

Мутаассифона, сармояе, ки аз баргузории консерт ба даст меояд, барои анҷоми ин ду амали ҷарроҳӣ кофӣ нест ва мо тасмим гирифтем маблағи мавриди ниёзашро барояш ҷамъоварӣ кунем. Нисбат ба сарнавишти ин ҳунарманди мумтоз бетафовут набошед.

Бо харидории билет Шумо кумак мекунед, ки як инсони ҳунарманд дубора рӯи пойҳои худ биистад ва бо ҳунари волои худ дили садхо тан аз мухлисонашро шод гардонад.

Бо анҷоми коре савоб ва гузоштани саҳми худ дар ин корзор ба ӯ ёрӣ кунед, то рӯи пойҳои худ устуворона биистад,-мегӯянд,ташкилкунандагони консерт.

Оғози консерт: соати 14:00.

Дар меҳмонии консерти “Мадонна” ҳамчунин ҳунармандони маъруфи кишвар: Баҳром Ғафурӣ, Шабнами Сурайё, Парвин Юсуфӣ, гуруҳи “Ғарибшо-компания” ва дигарон иштирок мекунанд.