Шояд шумо суол ё назаре доред?

Дилшод Назаров барандаи Ҷоизаи Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ

Дилшод Назаров барандаи бо Ҷоизаи Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC)мукофотонида мешавад.

Бино ба иттилои Баҳрулло Раҷабалиев, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Дилшод Назаров бо пешниҳоди Кумитаи олимпӣ ба ин ҷоиза қадрдонӣ шудааст.

-Бо пешниҳоди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон варзишгари машҳур Дилшод Назаров барои дастоварди бузургаш дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия бо Ҷоизаи Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ мукофотонида мешавад. Бар асоси номаи расмии ПрезидентиАссотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ба унвони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон маросими супурдани ҷоизаҳои ин созмони ҷаҳонӣ рӯзи 15-уми ноябр дар пойтахти Қатар - шаҳри Доҳа - барпо мегардад. Дилшод Назаров ба ин маросим даъват шудааст,-мегӯяд манбаъ.

Дилшод Назаров 19-уми августи соли ҷорӣ дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашта буд.