Шояд шумо суол ё назаре доред?

Ғорати гимназияи таълимии “Нур” дар вилояти Суғд

Мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд як ҷавони 19-соларо бо иттиҳоми ғорати хазинаи гимназияи “Нур” боздошт кардаанд.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд,  ҳодисаи ғорати хазинаи гимназияи “Нур” субҳи 5 ба 6-уми октябр сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, шахсони номаълум “бо тариқи пинҳонӣ вориди ҳуҷраи хазинадории гимназияи мазкур шуда, аз он ҷо ду адад ноутбуки тамғаи “Асер”, як адад принтери тамғаи “НР” ва як адад компютери тамғаи “LG”, ҷамъ ба маблағи умумии 10000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.”

Оид ба далели дуздии мазкур зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, донишҷӯ, ҳамчун гумонбар дастгир карда шуд.