Шояд шумо суол ё назаре доред?

Тоҷикистон иҷозати кор барои хориҷиёнро аз 5 то се сол коҳиш дод

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муҳлати фаъолияти кории хориҷиён дар Тоҷикистонро то се сол маҳдуд кард.

Дар ҷаласаи охири паламони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» қабул шуд.

Нурулло Маҳмадуллозода, ҷонишини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласа ва шарҳи тағйиру иловаҳо иброз дошт, ки муҳлати иҷозати кор ба хориҷиён, ки то кунун он 5 сол муқаррар шудааст, хеле як муҳалти тӯлонист.

Муҳлат басо тӯлонист ва он метавонад аз ҷониби муҳоҷирони корӣ бо ҳадафҳои ғайримақсаднок истифода шавад,- гуфт ӯ.

Нурулло Маҳмадуллозода иброз дошт, ки тибқи тағйиру иловаҳои нав ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун аз ин ба баъд ба муҳлати аз 1 то 3 сол амалӣ мешавад.