Шояд шумо суол ё назаре доред?

Дар Тоҷикистон бо ифротгароӣ ба забони ӯзбекӣ мубориза мебаранд

Нигаронии мақомоти тоҷик аз хатарҳои тундгароӣ онҳоро водор кардааст, то барои аҳолии ӯзбекзабони маҳаллӣ барномаҳои вижаи зидди ифротгароиро ба забони модариашон нашр кунад.

Мақомот умед доранд, ки бо ин роҳ суҳбатҳояшон дар бораи хатари экстремизму терроризм ва паёмадҳои пайвастан ба гуруҳҳои тундрави монанди "Давлати исломӣ" дар Сурияву Ироқ натиҷаи беҳтар хоҳад дод.

Аз ҷумла, чунин тадбир дар миёни ҷавонони ӯзбектабори ноҳияи Қубодиён, дар 220-километрии Душанбе ба роҳ монда шудааст. Бар пояи омори расмӣ, танҳо аз як деҳаи Қизилнишони ноҳияи Қубодиён, ки аксарияташ ӯзбекзабонанд, 13 нафар ба Сурия рафтаанд.

Шумораи умумии сокинони ноҳияи Қубодиён, ки ба "Давлати исломӣ" пайвастаанд, 74 нафар гуфта мешавад. Дар ин миён 9 нафар зан ва ҳатто кӯдакони ноболиғ низ ҳастанд, ки мақомот алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз карда, онҳоро дар кофтукоб қарор додаанд. Гуфта мешавад, ки бештари онҳо ӯзбектаборанд.

Дар гузашта чунин суҳбатҳоро умдатан анҷом масъулони ҷамоату ҳукуматҳо, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, кумитаҳои ҷавонон, занон ва руҳониёну имомхатибон бо забони тоҷикӣ анҷом медоданд.

Муллораҷаб ЮСУФӢ