Шояд шумо суол ё назаре доред?

Озмуни ВКД барои пайдо кардани "Хабарнигори фаврӣ"

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи худ гӯшаи «Хабарнигори фаврӣ»-ро таъсис дода, аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки аз ҷойи ҳодиса ба онҳо навор фиристанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД,  шаҳрвандон метавонанд таъҷилан наворҳои видеоиро вобаста ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо, ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои табиӣ, сӯхтор, садамаҳои нохуши нақлиётӣ ва дигар ҳодисаю воқеаҳое, ки бозтоби васеи ҷамъиятӣ доранд, ирсол намоянд.

- «Хабарнигори фаврӣ» ҳангоми пешниҳоди навори беҳтарин аз тарафи комиссияи ВКД баҳодиҳӣ шуда, бо тӯҳфаҳои қимматнок ва маблағҳои пулӣ мукофотонида мешавад. Ҳамчунин шахсоне, ки дар ҷамъбасти семоҳа навори беҳтарин ирсол кардаанд, новобаста аз тӯҳфаи гирифтаашон дар озмунҳои пештара, аз нав қадрдонӣ карда мешаванд.

Дар ВКД мегӯянд, «Хабарнигори фаврӣ» метавонад аз шабакаҳои иҷтимоии Вибер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) бо рақами телефони мобилии + 992 939 222 111 ва почтаи электронии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон vkd.tj@mail.ru  истифода намуда, хабару наворҳои худро ба таври фаврӣ ирсол намояд.

Ба шаҳрвандон имконият дода шудааст, ки маводҳои худро аз рӯи хоҳишмандӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ирсол намоянд. 

Масъулини ВКД таъкид мекунанд, ки махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсе, ки  маводро ирсол менамояд, кафолат дода мешавад.