Шояд шумо суол ё назаре доред?

Оилаи Саъдуллоевҳо беҳтарин эълон шуд

Дар шаҳри Душанбе ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  барои беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ эълон шуданд.

Бино ба иттилои расмӣ,  дар ҷамбасти  ин мусобиқа 35 нафар ғолибон бо Шоҳҷоизаи “Ҷоми Ҷамшед”, Шоҳҷоизаи “Ҷоми Истиқлолият”, нишонҳои хотиравӣ, шаҳодатномаҳо ва мукофотҳои пулӣ  сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамин тариқ, оилаи Саъдуллоевҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз беҳтаринҳо эътироф шуда, соҳиби ҷоизаи оилаи намунавӣ гаштааст.  

Ҳамчунин Вазорати корҳои  хориҷӣ, вилояти  Хатлон,  шаҳри  Хуҷанд, ноҳияи Ёвон, шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара, деҳоти ба номи Абўабдуллоҳи  Рўдакии ноҳияи Восеъ, деҳаи Янгибоғи деҳоти Ҷўра  Раҳмонови шаҳри Турсунзода, маҳаллаи ба номи Маҳмадулло Холови  ноҳияи Исмоили Сомонӣ,  хонаи Рустамов Исмоил дар  шаҳри Норак, ҳамчунин  Оилаи Саъдуллоевҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз беҳтаринҳо эътироф шуда,  бо ҷоиза ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ғолибони ҷойи  якум мувофиқи ҳамин шартҳо Прокуратураи генералӣ,  шаҳри Турсунзода, ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри  Душанбе, шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан, деҳаи Раҳмонободи деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон, маҳаллаи ба номи Исмоили  Сомонии шаҳри Кўлоб, хонаи Шариповҳо аз  ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва оилаи Сафаралӣ Ҳалимов аз  шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Бохтар дониста шуданд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, шаҳри Қўрғонтеппа, ноҳияи Рўдакӣ, шаҳраки Пролетари ноҳияи  Ҷаббор  Расулов, деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон, деҳаи Ваҳдати деҳоти Фахрободи  ноҳияи  Хуросон, маҳаллаи Зардолузори шаҳри  Панҷакент, хонаи Аброр  Шамуратов аз  деҳоти Ҷиргатоли ноҳияи Лахш ва оилаи Маҷид Олимов аз ноҳияи Спитамен сазовори ҷойҳои дуюм  гардида, шаҳри Хоруғ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор, деҳаи Диловарони шаҳри Конибодом, маҳаллаи Исмоили Сомонии  шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рўдакӣ, хонаи Нозимҷон Усмонов аз  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва оилаи  Наботбегим Тавакалова аз  шаҳри Хоруғ ҷойҳои сеюмро гирифтанд.