Шояд шумо суол ё назаре доред?

Бонги изтироби Иззат Амон аз вазъи 4 муҳоҷири тоҷик

Иззат Амон, роҳбари “Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия аз Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар хостааст ба аҳволи 4 муҳоҷири боздошшудаи тоҷик расидагӣ кунанд.

1-уми сентябр Иззат Амон тариқи сафҳаи фейсбукиаш хабар дод, ки 4 сокини шаҳри Панҷакент бо туҳмати як миёнарави тоҷик ба доми полис афтида, аҳволи яке аз онҳо бисёр вахим аст.

Ба гуфтаи ҷаноби Иззат Амон, 18-уми августи соли ҷорӣ дар ҳудуди деҳаи "Старая Купавна"-и вилояти Маскав 4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи тафтишоти (следственный комитет)-и шаҳри Руза бо гуноҳи одамрабои боздошт шуданд.  Чуноне, ки ба мо баъд аз суҳбат бо боздоштшудагон дар СИЗО маълум гашт, инҳо ҳама дар як манзиле тули 6 моҳ кор кардаанд, вале ҳаққи корашонро ки 200 ҳазор рублро ташкил медиҳад гирифта натавонистаанд.

-Миёнҷӣ ва ё ҳамон “посредник” байни коргарон ва соҳиби кор низ шаҳрванди Тоҷикистон зодаи шаҳри Душанбе будааст. Соҳиби кор ба шаҳрвандони мо гуфта аст, ки ҳаққи корро ба миёнҷӣ пурра дода аст, вале миёнҷӣ нахоста, ки ин пулро ба коргарон баргардонад. Коргарон миёнҷиро пайдо карда оварда дар манзиле, ки зиндагӣ мекардаанд як шаб меҳмон кардаанд. Билохира миёнҷӣ розӣ шудааст, ки пулро баргардонад. Бо баҳонаи пул дар корти бонкӣ ва корти бонкӣ дар манзилам гуфта бачаҳоро ба хонааш овардааст. Ба хонааш даромада дигар набаромадааст.

Ба навиштаи Иззат Амон, зани миёнҷӣ, ки рус будааст тариқи телефон полисро даъват мекунад ва бачаҳоро ба ҳабс мегирад. “Пулис 4 нафар коргар ва 3 нафари дигар, ки он шаб дар манзили онҳо меҳмон будаанд чунон лату куб мекунад, ки яке аз ин меҳмонон бо гузашти 10 руз ҳануз ҳам аз ҷой хеста наметавонад. Аҳволи он 4 нафаре ки дар СИЗОи шаҳри Можайск қарор дорандро Худо худаш беҳтар медонад.”

Роҳбари “Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия” мегӯяд, “бо гузашти 12 руз ҳануз ҳам онҳо дар ҷое ба ном "карантинка" қарор доранд. Яъне онҳоро чунон задаанд, ки СИЗО қабулашон накардааст. Дар ҳоле ки коргарон миёнҷиро ҳатто "ту" нагуфтаанд. Синни як нафар аз коргарон ки дар маҳбас қарор дорад ба 55 расидаасту вазъияти саломатиаш хеле вахим аст. Яъне агар зудтар даст ба кор нашавем уро аз даст медиҳем.”

Дар ҳамин ҳол Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, аз воқеа бохабар буда, онро пайгирӣ доранд.