Шояд шумо суол ё назаре доред?

Таваллуди чоргоники навбатӣ дар пойтахт

Як зани 28-сола аз ноҳияи Файзобод чоргоник таваллуд кардааст.

Бино ба иттилои масъулини Кумитаи кор бо занон ва оила, чоргоникҳои Шаҳодатхон Нуралиева 24 августи соли равон дар таваллудхонаи № 1-и шаҳри Душанбе ба дунё омаданд.

Чоргоникҳо ду писар ва ду духтар мебошанд. Духтурон мегӯянд, айни замон саломатии модару кӯдакон хуб аст.

Қаблан моҳи январи соли гузашта Гулшан Маҷнунова дар Душанбе чоргоник ба дунё оварда буд. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин модар як манзили нави сеҳуҷрагӣ туҳфа кард. Ҳамчунин моҳи май Сулҳия Норинова, сокини 23-солаи Душанбе низ чоргоник таваллуд кард, вале кӯдакони ин зан фавтиданд.