Шояд шумо суол ё назаре доред?

Дуздии 73 ҳазор сомонӣ маблағи сокини Восеъ

Се сокини ҷавони ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ба дуздии тилловорӣ ба маблағи 73 ҳазор  сомонӣ муттаҳам мешаванд.

Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд бар пояи шикояти як сокини ноҳияи Восеъ дар мавриди дуздида шудани ҷавоҳироти ӯ аз дохили мошинаш кормандони милитсияи ноҳия се ҷавони аз 24 то 27-соларо боздошт кардаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки шаҳрванди 25-солаи ноҳияи Восеъ ба мақомоти милитсия муроҷиат кардааст ва гуфтааст, ки шаби 24 ба 25-уми августи соли равон афроди номаълум аз дохили мошини шахсии ӯ Опел-Астра, ки дар дохили ҳавлии истиқоматиаш гузошта шуда буд, тилловории ӯро ба маблағи 73000 сомонӣ дуздидаанд.

Ин мард гуфтааст, ки афроди ношинос шабона ба ҳавлии ӯ ворид шудаанд ва ин амалро анҷом додаанд.Cе ҷавоне, ки яке 24, дуюмӣ 26 ва сеюмӣ 27 сол дошт бо гумони содир кардани ин ҷиноят боздошт шудаанд.

Манбаъ мегӯяд ҳоло аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст ва тафтишот идома дорад.