Шояд шумо суол ё назаре доред?

Канда шудани пирях дар Тоҷикобод сабаби омадани сел гардид

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон сел дар ноҳияи Тоҷикободро шарҳ дод. 

Бино ба иттилои Умеда Юсупова, сухангӯи Кумита 28  уми августи соли равон аз куҳсанги деҳаи Себистони ҷамоати Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод як бахши азими пирях канда шуд ва ба сели бузурге табдил шуда, самти ҳаракати рудхонаи Шуракро баст.  

Бар асари он сатҳи оби дарё боло шуд ва пули байни деҳаҳои Фатҳобод ва Шӯробро вайрон карда, 10 хонаи истиқоматиро хароб намуд, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва системаҳои коммуникатсионии рустоҳои Фатҳобод ва Капалии ноҳияи Тоҷикобод хисорати калон овард. 

Бо мақсади бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ Ситоди фарӣ созмон дода шуд, ҷонишини Сарвазири Тоҷикистон Муҳаммадтоир Зокирзода , муовини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, генерал-майор Рустами Шоҳиён ба ҷойи ҳодиса рафтанд. Воҳидҳои низомии кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷалб карда шуданд.  

Дар айни замон хонаҳои истиқоматӣ аз хасрӯбаву лойоба тоза карда мешаванд, постгоҳҳои назоратӣ гузошта шуда, нуқтаи таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ташкил карда шудаанд. 

Субҳи имрӯз шоири маъруф Рустам Ваҳҳоб дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт: Ин сел рӯдхонаи Шӯракро бо жарфои беш аз 20 метр пур карда ба рӯи роҳҳо ва дохили ҳавлиҳою боғҳо ҷорӣ гардид. Сел бар асари лағзиши лозури (пирях, яхчол) бузургҳаҷм аз кӯҳҳои қисмати ҷанубии ноҳия ба вуҷуд омадааст.
Бино ба навиштаи Рустам Ваҳҳоб, сел талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст, вале чандин сар чорворо нобуд карда, харобиҳои зиёди дигар бар ҷой гузоштааст.
Муаллиф менависад, ки  аз лозури кӯчида боз ду пораи бузурги дигар дар баландии қуллаҳои кӯҳ сарозер боқӣ мондааст ва боиси ташвиши асосии мардум аст, зеро сели рехта ҳама ҷоро пур карда, дарёчаи Шӯрак дар ҳоли ҳозир аз дохили баъзе ҳавлиҳо ҷорист.