Шояд шумо суол ё назаре доред?

Истаравшан: Ҳалокати зани ҷавон аз дасти шавҳараш

Як сокини ноҳияи Истаравшан бо гумони қатли ҳамсараш боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, 26-уми августи соли равон, соати 08:30-дақиқа, марди 43-солаи сокини шаҳри Истаравшан, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш зани 23-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагии дар дасташ  буда, 11 маротиба ба узвҳои баданаш задааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Гумонбаршаванда дастгир шуда, айни ҳол корҳои тафтишотӣ идома доранд.