Шояд шумо суол ё назаре доред?

Ошкор шудани қариб ҳазор намуд доруҳои пастсифат дар Суғд

Дар нимсолаи гузашта кормандони Раёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ назорати муассисаҳои фармасевтӣ қариб ҳазор намуд доруҳои муҳлаташон гузаштаро ошкор кардааст.

Бино ба иттилои расмӣ, “воридкунандагони маводҳои доруворӣ асосан ташкилотҳои фармасевтии хусусианд. Аз ин рў, Хадамоти назорати фаъолияти фармасевтӣ дар вилоят ҷиҳати таъмини назорати талаботи қонунгузорӣ дар ин самт чорабиниҳои саривақтиро амалӣ менамояд.”

Дар ин ниҳод мегӯянд, 919 номгўйи маводҳои доруворӣ, молҳои тиббии мўҳлати истифодабариашон гузашта сертификати мутобиқати сифат надошта, инчунин ба талаботҳои стандартӣ ҷавобгуй набудаанд.