Султони Ҳамад

Cултони Ҳамад, журналист, муҳаққиқ ва пажӯҳишгари сурудаҳои сарояндаи шинохтаи Шарқ Аҳмад Зоҳир 3 - юми апрели соли 1952 дар ноҳияи Тавилдараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.

Вай мактаби таҳсилоти ҳамагониро соли 1969 дар ноҳияи Ҷилликули вилояти Хатлон хатм карда, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, онро соли 1974 хатм намудааст.

Солҳои 1974 - 1978 дар мактаби миёнаи рақами 2-и ноҳияи Ҷилликул аввал ба ҳайси муаллими забони тоҷикӣ, баъдан ҷонишини директор ифои вазифа намудааст.

Аз моҳи июни соли 1978 то августи соли 1980 аввал ба ҳайси хабарнигор, сипас ба сифати муҳаррири шӯъбаи барномаҳои ҷамъиятиву сиёсӣ дар радиои вилояти Қӯрғонтеппа кор кардааст.

 Моҳи августи соли 1980 ба Кумитаи Бехатарии Давлатии (КБД) Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (КГБ) ба кор даъват шуда, барои таҳсил ба Мактаби Олии КГБ СССР ба шаҳри Москав фиристода мешавад.

Ин донишкадаро моҳи августи соли 1982 бо ихтисоси ҳуқуқшиноси масоили байналмилалӣ хатм намуда, баъдан дар ин мақомот то соли 2000 дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият кардааст.

Аз соли 1993 то соли 1997 мушовири сиёсии раиси Иттиҳоди нерӯҳои опозитсионии Тоҷик (ИНОТ) дар Афғонистон буд.

Моҳи декабри соли 1996 баъди мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Хустдеҳи Афғонистон барои татбиқи Созишномаи миёни онҳо ба имзорасида, дар як ҳайати баландпояи муштараки сиёсиву низомии ба манотиқи ҷангзада рафта, ду тарафи даргирро ба мусолиҳа даъват карданд.

 Ин ҳайат бо раҳбарии Амирқул Азимов аз ҷониби ҳукумат ва Давлат Усмон аз ҷониби мухолифин ташкил шуда буд. Дар ин сафар Султони Ҳамад ҳамчун муовини Давлат Усмон ҳайатро ҳамроҳӣ мекард.

 Фаъолияти ин ҳайат таҳти миёнҷигарии мушовирони низомии СММ сурат мегирифт ва он то омадани ҳайати Комиссияи оштии милллӣ (КОМ) ба Душанбе дар сентябри соли 1998 идома кард. Баъдан, фаъолияти ин ҳайати баландпояи муштараки низомиву сиёсиро зеркомиссияи КОМ зеркомиссияи низомӣ ва сиёсӣ идома доданд.

Аз соли 1998 то 1999 раҳбари дафтари матбуотии ИНОТ буд, ки дар бинои Комиссияи Оштии Миллӣ фаъолият мекард.

Солҳои 2001-2006 ба ҳайси тарҷумон ва хабарнигори гурӯҳи эҷодии ТВ-6- и Русия, ТВ-Чехия, маҷаллаи "Регард сур лест" ("Нигоҳе ба Шарқ") - и Фаронса, бахши тоҷикии радиои "Озодӣ" ба Афғонистон борҳо сафар карда, кору фаъолият намудааст.

Дар натиҷаи ин сафарҳо як силсила мақолаҳои публисистӣ дар саҳифаҳои ҳафтаномаҳои "Тоҷикистон", "Чархи гардун", "Зиндагӣ" ва дигар нашрияҳо ба чоп расондааст.

Инчунин.  дар ҳамин давра аз соли 2003 то соли 2004 Сардабири ҳафтаномаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон “Наҷот” буд, дар ҳамин давра ин нашрия аз 8 саҳифа ба 16-саҳифаӣ табдил ёфт.

Ӯ  муассиси сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии “Рӯзгор” (дар соли 2009 то 2015)ва аз моҳи июни соли 2013 то августи соли 2014 сардабири  ҳафтаномаи “Рузгор” буд.

Соли 2003 барои силсилаи мақолаҳои "Афғонистон захмест бар ҷисми башарият" сазовори ҷоизаи Иттиҳоди Журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим шуд.

Соли 2002 як силсила очеркҳояш таҳти унвони "Аз Ардашер то шери Панҷшер" дар шакли китоб аз сӯи нашриёти "Ирфон" ба табъ расид.

Соли 2005 китоби дигараш бо номи "Аҳмад Зоҳир- султони қалбҳо" дар нашриёти "Диваштич" аз чоп баромад.

Соли 2007-ум ду китоби ӯ "Дар сӯҳбати соҳибдилон" ва "Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ" аз сӯи нашриёти "Диваштич" ва китоби дигари ӯ таҳти унвони "Низоъ, терроризм ва рисолати хабарнигорон" дар типографияи хурди Маркази матбуотии ҷумҳуриявӣ ба табъ расидааст.

Дар соли 2012 китоби «Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб» ва нашри дуввуми «Султони қалбҳо» дар нашриёти Бухоро ба чоп расиданд. Китобҳои «Бурхи Валӣ- дӯсти Худо» ( дар нашриёти Истеъдод) ва «Дар пайраҳаи нур» ( дар нашриёти Муаттар) соли 2013 чоп шуданд.

Ғолиби озмуни журналистони ҷумҳурӣ дар бахши "Беҳтарин мақола дар мавзӯи сиёсӣ", ки аз сӯи Созмони Амният ва Хамкорӣ дар Аврупо соли 2004 созмон ёфта буд, мебошад. Дорандаи нишони "Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон".

Китобҳои дигари ӯ "Сулҳ ҳадяи Худо буд " Аҳмад Зоҳир ва сад шоир", "Босмачӣ хоин буд ё ватанхоҳ?", "7+33= Сулҳу оштӣ" (Шарҳу тафсири чил мулоқоти роҳбарони ҷонибҳои сулҳкунанда дар раванди гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон), "Афғонистон баъди Толибон", "Қиссаҳо аз рӯзгори ҳиҷрат", "Лаби дарёи Ому" (Аз дафтари назм) омодаи нашранд.

Оилдор, соҳиби 6 фарзанд: ду  духтар, 4 писар ва чандин набера аст.

Copyright © 2016 TojNews

Шояд шумо суол ё назаре доред?